АРЗИШҲОИ ИСЛОМӢ АЗ ДИДГОҲИ НАВИНИ МЕТОДОЛОГӢ

Апрель 17, 2009 15:11

                 Душанбе, 17 апрел.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).-Нашриёти «Ирфон» китоберо бо номи «Педагогикаи ислом» зери назари доктори илмҳои педагогӣ, профессор Хайруллоҳ Афзалов ба тозагӣ аз чоп баровард.                Муаллифи китоби мазкур профессор Сафар Сулаймонӣ буда, кӯшиш намудааст, ки масъалаи педагокикаи ислом ва мақоми онро дар бунёди илмҳои тарбиявӣ дар мисоли Эрон дар ин китоб баррасӣ намояд.Дар китоб таҳлилу баррасии арзишҳои исломӣ аз дидгоҳи навини методологӣ зикр шудааст ва имкон медиҳад, ки дастовардҳои назарияи таълиму тарбия ба таври мушаххас арзёбӣ гардад.                Китоб бо ташаббуси Вазорати маорифи ҷумҳурӣ, Академия ва Пажӯҳишгоҳи илмҳои педагогии Тоҷикистон ва Ройзании Сафорати Эрон дар Душанбе бо теъдоди 500 адад бо забони тоҷикӣ нашр шудааст. Докторҳои илмҳои педагогӣ, фалсафа ва филологӣ Маҳмадуллоҳ Лутфуллоев, Каримҷон Қодиров ва Умриниссо Казакова муқарризони китобанд.                Китоб барои доираи васеи муҳаққиқону пажӯҳишгарон, муаллимон, донишмандону мутахассисони соҳаи педагогика тавсия шудааст.

Апрель 17, 2009 15:11

Хабарҳои дигари ин бахш

4 феврал дар якчанд корхонаю идора нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон борон меборад
Имрӯз дар якчанд кумитаю идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Пагоҳ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд