АРЗИШИ ИЧОЗАТНОМАИ КОРӢ 350- 750 СОМОНӢ
Душанбе, 14 апрел. (АМИТ «Ховар», Лаззат Диловарзод).- Бино ба иттилои сардори шӯъбаи хадамоти муҳоҷират оид ба иҷозатномадиҳӣ ба кор Шукуров Шукур, арзиши ҳуҷҷати иҷозатномадиҳӣ ба кор барои шаҳрвандони давлатҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил 350 сомонӣ ва барои шаҳрвандони хориҷи дур 750 сомонӣ барои як сол муқаррар карда шудааст. Додани иҷозатнома барои шаҳрвандони хориҷӣ, ки ҳуҷҷатҳои номукаммал пешниҳод мекунанд ва ё гирифтори бемориҳои хавфнок, аз қабили ВИЧ -(СПИД) ва дигар бемориҳои венерикӣ мебошанд, рад карда мешавад. Бояд тазаккур дод, ки аз 1-уми апрели соли ҷорӣ Қарори Ҳукумати ҷумҳурӣ «Дар бораи иҷозатномадиҳӣ ба кор барои шаҳрвандони хориҷӣ ва ашхоси бетабаа» мавриди амал қарор гирифт. Барои ғайриқонунӣ даъват ба кор ва ё ба кор таъминкунии шаҳрвандони хориҷӣ ҷазои маъмурӣ дар шакли ҷарима барои шахсҳои ҳуқуқӣ то300 маоши ҳадди ақли маош пешбинӣ гардидааст.








Рустами Эмомалӣ бо Ненад Лалович мулоқот намуданд
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад






