БҶ БА ТОҶИКИСТОН 20 МИЛЛИОН ДОЛЛАР КӮМАК МЕКУНАД

Апрель 22, 2009 15:32

             Душанбе, 22 апрел. (АМИТ «Ховар», Бекназари Абӯбакр). — 21 апрел дар Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон маросими имзои созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бонки ҷаҳонӣ оид ба маблағгузории Барномаи сеюми грантӣ ҷиҳати таҳияи тадбирҳои марбут ба сиёсат баргузор гардид. Созишномаи мазкурро вазири молияи Тоҷикистон Сафаралӣ Наҷмиддинов ва иҷрокунандаи муваққатии вазифаи намояндаи доимии Бонки ҷаҳонӣ дар Тоҷикистон Саодат Бозорова ба имзо расониданд.              Аз котиботи Вазорати молия ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, ки тибқи ин созишнома Бонки ҷаҳонӣ барои Тоҷикистон 20 миллион доллари ИМА барои амалисозии Барномаи сеюми грантӣ ҷиҳати таҳияи тадбирҳои марбут ба сиёсат ҷудо менамояд. Ин маблағ бояд барои идомаи ислоҳот ва мубориза бо камбизоатӣ масраф шавад.              Гуфтанист, ки ин бахши севвум аз кӯмак ба Тоҷикистон буд, ки он дар ибтидо 10 миллион доллар буд, вале бо дархости ҷониби Тоҷикистон Бонки ҷаҳонӣ дар ниҳоят ҳаҷми кӯмакҳояшро то ба 20 миллион доллар боло бурд.

Апрель 22, 2009 15:32

Хабарҳои дигари ин бахш

4 феврал дар якчанд корхонаю идора нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон борон меборад
Имрӯз дар якчанд кумитаю идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Пагоҳ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд