БӮҲРОНИ МОЛИЯВӢ БА ИҶРО НАГАРДИДАНИ БУҶЕТ ТАЪСИР РАСОНД

Апрель 15, 2009 13:55

                     Душанбе, 15 апрел. (АМИТ «Ховар», Бекназари Абӯбакр). — Дар семоҳаи якум иҷроиши нақшаи буҷети суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа ба андозаи 92,6 фоиз таъмин гардида, нисбат ба нақшаи пешбинишуда 10,8 миллион сомонӣ кам ва бо вуҷуди ин, нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 42,7 миллион сомонӣ зиёд мебошад.                     Дар Вазорати молияи ҷумҳурӣ ба мухбири АМИТ «Ховар» гуфтанд, ки аз ҳисоби буҷети ҷумҳуриявӣ ба буҷети суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа 3 миллион сомонӣ ё 100 фоиз маблағҳои мақсаднок барои пардохти нафақа, маблағгузорӣ карда шуд.                     Нақшаи даромадҳои буҷети ҷумҳуриявӣ ба андозаи 74,8 фоиз таъмин гардида, ба буҷет 493,0 миллион сомонӣ ворид гардид, ки ин нисбат ба нақша 166,4 миллион сомонӣ кам аст.                      Бояд қайд кард, ки дар давраи ҳисоботӣ нақшаи воридоти баъзе намуди андозҳо таъмин нагардида, аз ҳисоби ин манбаъҳои даромад ба буҷет зиёда аз 166,4 миллион сомонӣ ворид нагардид. Аз ҷумла, танҳо аз ҳисоби фурӯши алюминий тибқи нақшаи пешбинишуда 80 миллион сомонӣ ворид нагардид, ки ин бевосита таъсири бӯҳрони моливии ҷаҳонӣ мебошад.                     Хароҷоти Буҷети давлатӣ дар семоҳаи якум мувофиқ ба иҷроиши даромади он ба андозаи зиёда аз 80 фоиз таъмин гардид.Бо вуҷуди ин, дар ин давра пардохти музди меҳнат, нафақа, стипендия, ҷубронпулӣ ва кӯмакпулиҳо, хизматрасониҳои коммуналӣ дар мадди аввал маблағгузорӣ карда шуда, пурра таъмин гардиданд. Инчунин, маблағгузории иншооти афзалиятноки муҳими давлатӣ бо дарназардошти воқеияти захираҳои молиявӣ амалӣ гардиданд.  

Апрель 15, 2009 13:55

Хабарҳои дигари ин бахш

4 феврал дар якчанд корхонаю идора нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон борон меборад
Имрӯз дар якчанд кумитаю идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Пагоҳ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд