БАҚИЯИ АМОНАТҲОИ БМТ МЕАФЗОЯД

Апрель 23, 2009 15:15

              Душанбе, 23 апрел. (АМИТ «Ховар», Бекназари Абӯбакр). — Ба ҳолати 31 марти соли ҷорӣ бақаия умумии амонатҳои Бонки миллии Тоҷикистон 1 946,9 миллион сомониро ташкил дод, ки ин нишондиҳанда нисбат ба аввали сол 1,7 фоиз зиёд аст. Ин нуқтаро зимни нишасти матбуотӣ 22 апрел, раиси Бонки миллии Тоҷикистон Шариф Раҳимзода зикр кард.               Ӯ афзуд, ки дар ин давра амонатҳои шахсони воқеӣ ба 789,8 млн. сомонӣ баробар шуд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 26 фоиз афзудааст. Фоизи миёнавазни амонатҳои мӯҳлатдор дар ин давра 13,9 фоиз бо пули миллӣ ва 17,4 фоиз бо асъори хориҷиро ташкил дод.              Ҳаҷми қарзҳои додашуда дар давраи ҳисоботӣ 984,9 млн. сомониро ташкил дода, нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 0,3 фоиз афзуд. Ҳаҷми қарзҳои пардохтшуда 830,6 млн. сомонӣ аст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 35,7 фоиз зиёд мебошад. Фоизи миёнавазни қарзҳо бошад дар давоми се моҳи якуми соли равон 25 фоиз бо пули миллӣ ва 24,5 фоиз бо асъори хориҷиро ташкил дод.  

Апрель 23, 2009 15:15

Хабарҳои дигари ин бахш

4 феврал дар якчанд корхонаю идора нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон борон меборад
Имрӯз дар якчанд кумитаю идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Пагоҳ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд