БА ҚОНУНИ ҶТ «ДАР БОРАИ МАОРИФ» ТАҒЙИРОТ ВОРИД ШУД

Апрель 6, 2009 16:46

                  Душанбе, 6 апрел. (АМИТ «Ховар», Жасмин Назарова). — Раиси Кумитаи илм, маориф, фарҳанг ва сиёсати байни ҷавонони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Додихудо Саймуддинов ба АМИТ «Ховар» хабар дод, ки дар иҷлосияи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ дар иртибот ва танзими истифодаи телефонҳои мобилӣ дар муассисаҳои таълимии ҷумҳурӣ аз тарафи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон се лоиҳаи қонун: «Оид ба ворид намудани илова ба Қонуни ҶТ «Дар бораи маориф», «Оид ба ворид намудани тағйирот ба Қонуни ҶТ « Дар бораи таҳсили касбӣ», «Оид ба ворид намудани тағйирот ба Қонуни ҶТ «Дар бораи таҳсилоти олии касбӣ ва таҳсилоти касбии баъд аз муассисаҳои олии таълимӣ» пешниҳод гардида мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.                 Бо ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни ҶТ «Дар бораи маориф» дар ҳамаи мактабҳои олии мамлакат новобаста ба шакли ташкилию ҳуқуқии онҳо, истифодаи телефон аз ҷониби донишҷӯён ва омӯзгорон дар давоми машғулиятҳо комилан манъ карда мешавад.   

Апрель 6, 2009 16:46

Хабарҳои дигари ин бахш

Пагоҳ иҷлосияи чоруми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон ва барф меборад
Дар Ҳисор оид ба кишти саривақтии ғалладонагиҳо машварат доир гардид
Дар ноҳияи Ёвон оид ба таъмини амнияту субот ҳамоиш баргузор шуд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон борон меборад
Доир ба пешниҳоди каналҳои коммуникатсионии лоиҳаи «Намоиши коркарди ғайритермалии партовҳои ДДТ дар Осиёи Марказӣ» машварат баргузор гардид
ТААССУРОТИ ХОТИРМОНИ МИНИ-ФУТБОЛ. Дар Душанбе даври ниҳоии Ҷоми Тоҷикистон оид ба футзал баргузор гардид
ОҒОЗИ МАВСИМИ НИҲОЛШИНОНӢ. Дар вилояти Хатлон 600 ҳазор бех дарахти ороишию сояафкан шинонида мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон ва барф меборад
Бахшида ба 31-солагии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Москва ҳамоиш доир гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
«Барномаи миёнамуҳлати рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021–2025» натиҷагирӣ карда шуд