БА ПРЕЗИДЕНТИ ТОҶИКИСТОН ОРДЕНИ КУМИТАИ ОЛИМПИИ ОСИЁ СУПОРИДА МЕШАВАД
Душанбе, 7 апрел. (АМИТ «Ховар», Темур Бандишоев, Пайрав Назаров). — Раиси Кумитаи Олимпии Осиё Аҳмад Алфаҳд Ассабоҳ баъди чошти имрӯз ба Душанбе ташриф меорад. Вай ҳамин рӯз бо раиси Кумитаи кор бо ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати ҷумҳурӣ, муовини раиси Кумитаи миллии Олимпии Тоҷикистон Маликшо Неъматов мулоқот хоҳад кард. Пагоҳ, 8 апрел меҳмони баландпоя ба ҳузури Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Кумитаи миллии Олимпии мамлакат Эмомалӣ Раҳмон қабул карда мешавад. Дар ҷараёни сӯҳбат масъалаҳои равнақу ривоҷи минбаъдаи ҳамкории Тоҷикистон бо Кумитаи Олимпии Осиё баррасӣ карда мешаванд. Тибқи қарори қабулшуда, дар фарҷоми мулоқот ба Эмомалӣ Раҳмон Ордени Кумитаи Олимпии Осиё барои саҳми калонаш дар пешрафти ҳаракати олимпӣ дар қитъа супорида хоҳад шуд. Аз Кумитаи миллии Олимпии ҷумҳурӣ ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, ки ҳамроҳи раиси Кумитаи Олимпии Осиё намояндагони бунёди рушди Кувайт ва Кумитаи сармоягузории Кувайт ба Душанбе меоянд. Онҳо дар Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Тоҷикистон бо ҳамкасбонашон мулоқот анҷом хоҳанд дод.








4 феврал дар якчанд корхонаю идора нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон борон меборад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд






