«БАЧАҲО ТАКЯГОҲИ МО»

Апрель 16, 2009 10:17

                     Суғд, 16 апрел. (АМИТ «Ховар», Ҳусейни Нарзулло). — Дар китобхонаи бачагонаи ноҳияи Ғончӣ, ҳафтаи адабиёти бачагон ва наврасон баргузор гардид. Барои он ки барномаи ҳафта рангину хотирмон таҳия шавад, мудири китобхона Н. Умарова, китобдор Ш. Норбоева, китобшинос Д. Намозова, мушовири идораи фарҳанг оид ба кор бо бачаҳо И. Икромова ҷидду ҷаҳди зиёд карданд. Дар натиҷа, рӯзҳои намоиши китоб таҳти унвони «Бачаҳо такягоҳи мо», мулоқот ва сӯҳбатҳо бо муаллифони китобҳо бо номи «Шоирон дар васфи бачаҳо», хониши адабиёти ҳаҷвӣ аз рӯи асари нависандаи немис Хауф Вилгелм «Биникадуча», субҳи адабӣ бо номи «Мо насли хушбахти замон», хеле шавқовар гузашт.                    Боиси зикр аст, ки дар ин чорабинӣ баробари иштироки мактабиён бачагони синни томактабӣ низ ҷалб гардиданд. Дар ин ҷода саҳми мудирони боғчаҳои бачагонаи шаҳраки Ғончиро бояд қайд кард.                    Директори китобхонаҳои марказонидашудаи ноҳияи ғончи Шаҳло Умарова гуфт, ки тарбияи кӯдак бояд аз гавҳора сар шавад ва муҳаббати дӯстдории китобро низ дар бачаҳо аз хурдсолӣ тарбият бояд кард.                     Ҳафтаи мазкур бо конфронси адабии китобхонаҳои ноҳия таҳти унвони «Тоҷикистон хонаи умеди мо» ҷамъбаст гардид. Иштирокчиёни фаъол бо тӯҳфаҳои хотиравӣ сарфароз гардиданд.                                                                   Таҳрири Жасмин Назарова

Апрель 16, 2009 10:17

Хабарҳои дигари ин бахш

4 феврал дар якчанд корхонаю идора нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон борон меборад
Имрӯз дар якчанд кумитаю идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Пагоҳ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд