БАЙТОРҲО СОҲИБИ ДУЧАРХА ШУДАНД

Апрель 3, 2009 16:51

                 Бадахшон, 3 апрел. (АМИТ «Ховар», Лутфишо Додо).- Барномаи озуқа ва кишоварзии Созмони Миллали Муттаҳид ба хотири сари вақт анҷом додани маъракаи эмкунӣ ва табобати ҳайвонот байторони вилоятро бо дучарха таъмин намуд. Тавре масъули Бахши вилоятии ин барнома Гулнамо Хуҷамёрова иттилоъ дод, коршиносони соҳаи байторӣ, ки дар деҳоти дурдаст зиндагӣ доранд, бо сабаби нарасидани воситаи нақлиёт наметавонанд сари вақт чорвои сокинони деҳотро мавриди ташхис қарор дода, бемориҳои сироятиро аниқ муайян намоянд. Маҳз ҳамин вазъиятро ба назар гирифта, барномаи озуқа ва кишоварзии Созмони Миллали Муттаҳид байторонро бо дучурхаҳо таъмин намуд,- изҳор дошт Гулнамо Хуҷамёрова. Гулнамо Хуҷамёрова беш аз 4 сол боз ба Раёсати назорати байтории вилоят ҳамкорӣ дорад. Ин барнома мутахассисони риштаи байториро натанҳо бо доруворӣ таъмин менамояд, балки барояшон либосҳои махсуси кориро муайян менамояд. Онҳо ҳамчунин барои такмили касб ба омӯзиш фаро гирифта шуда, бо навигариҳои солҳои охири ин соҳа ошно мешаванд. Бо гуфти ӯ соли равон дар ҳар як ҷамоати вилоят дорухонаҳои байторӣ ифтитоҳ меёбанд.  

Апрель 3, 2009 16:51

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Русия аз дақиқаҳои аввал дар алоқа бимонед!
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Имрӯз дар Кумитаи рушди маҳал, Агентии ҳифзи мероси таърихию фарҳангӣ, Хадамоти назорати давлатии бехатарии корҳо дар саноат ва соҳаи кӯҳкорӣ, Саридораи геология ва Маркази миллии тестӣ нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Пагоҳ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мешаванд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон барф меборад
Дар шаҳри Норак барои ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ санҷишҳои шабона гузаронида шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Боғпарварон бояд аз рӯзҳои сард ва бориши барф самаранок истифода намоянд
Имрӯз дар Тоҷикистон туман мефарояд
Бахшида ба Рӯзи кормандони мақомоти гумрук дар Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд