БАРГУЗОРИИ ҶАЛАСАИ ШӮРОИ ДИРЕКТОРОН ДАР МӮЪМИНОБОД
Мӯъминобод, 21 апрел. (АМИТ «Ховар», Сулаймон Холов).- Аз тарафи шӯъбаи маорифи ноҳияи Мӯъминобод моҳе 1 маротиба шӯрои директорони мактабҳои таҳсилоти умумӣ гузаронида шуда истодааст. Мақсад аз баргузории ин шӯро риоя гардидани талаботи қонуни ҶТ «Дар бораи маориф», ҳолати сатҳу сифати дониши хонандагон, баррасӣ намудани қарорҳои мақомоти болоӣ, аз аттестатсия гузаронидани омӯзгорон ва дигар масъалаҳои рушди соҳаи маориф ба шумор меравад. Саъдулло Раҳимов мудири шӯъбаи маориф вобаста ба ин мавзӯъ гуфт: «Тӯли 3 моҳи соли ҷорӣ 3 маротиба шӯрои директорон доир гардид, ки дар он мактабҳое, ки аз аттестатсия нагузашта шаҳодатнома надоранд мавриди муҳокима қарор гирифтанд». Инчунин дар шӯро ба директорон супориш дода шуд, ки ҳарчи бештар байни мактабҳо озмунҳо дар мавзӯи «Имоми Аъзам» ва «Китоб манбаи дониш» гузаронида шуда, ҷалби хонандагонро ба онҳо зиёд намоянд. Ба гуфтаи ин манбаъ сатҳи дониши хонандагон дар мактабҳои ноҳия хуб буда, бештари хонандагон дар олимпиадаҳои даврӣ ширкат меварзанд.








4 феврал дар якчанд корхонаю идора нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон борон меборад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд






