БАРРАСИИ МАСЪАЛАИ БЕҲТАР СОХТАНИ ТАРБИЯИ КАДРҲОИ НИЗОМӢ ДАР МАСКАВ
Маскав, 23 апрел. (АМИТ «Ховар», Ҳалима Хушқадамова). — Имрӯз дар Маскав маҷлиси коршиносони вазоратҳои мудофиаи мамлакатҳои аъзои Созмони аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ баргузор мегардад. Иштирокчиёни маҷлис самтҳои афзалиятноки ҳамкориро дар соҳаи беҳтар сохтани тарбияи кадрҳои низомӣ барои давлатҳои аъзои созмон дар мактабҳои олии низомии Русия муҳокима мекунанд. Инчунин, талаботи умумии тахассусӣ ба таълими ихтисосии донишҷӯёни мактабҳои олии ҳарбии мамлакатҳои аъзои созмон мавриди баррасӣ қарор дода мешавад. Намояндагони Белорусия ва Қазоқистон дар бораи таҷрибаи ташкили машғулиятҳои муштараки хизматчиёни ҳарбии давлатҳои аъзои созмон дар мактабҳои низомии мамлакатҳояшон маълумот медиҳанд. Маҷлиси мазкур мувофиқи нақшаи машваратҳои намояндагони давлатҳои аъзои созмон баргузор мегардад. Тарҷумон — Қудратов А.








Пагоҳ иҷлосияи чоруми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон ва барф меборад
Дар Ҳисор оид ба кишти саривақтии ғалладонагиҳо машварат доир гардид
Дар ноҳияи Ёвон оид ба таъмини амнияту субот ҳамоиш баргузор шуд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон борон меборад
Доир ба пешниҳоди каналҳои коммуникатсионии лоиҳаи «Намоиши коркарди ғайритермалии партовҳои ДДТ дар Осиёи Марказӣ» машварат баргузор гардид
ТААССУРОТИ ХОТИРМОНИ МИНИ-ФУТБОЛ. Дар Душанбе даври ниҳоии Ҷоми Тоҷикистон оид ба футзал баргузор гардид
ОҒОЗИ МАВСИМИ НИҲОЛШИНОНӢ. Дар вилояти Хатлон 600 ҳазор бех дарахти ороишию сояафкан шинонида мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон ва барф меборад
Бахшида ба 31-солагии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Москва ҳамоиш доир гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
«Барномаи миёнамуҳлати рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021–2025» натиҷагирӣ карда шуд






