БЕКОРОН БО ҶОЙИ КОР ТАЪМИН ГАРДИДАНД
Душанбе, 11 апрел. (АМИТ «Ховар», Ибодат Давлатова). — Дар давоми семоҳаи аввали соли 2009 ба воситаи Корхонаи воҳиди давлатии «Биржаи меҳнатии ҷавонон» мунтазам ярмаркаҳои ҷойҳои кори холӣ баргузор гардида, дар натиҷа бекорон ба ҷойи кор роҳхат гирифтанд, — иброз дошт дар нишасти матбуотӣ раиси Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Маликшо Неъматов. Дар ярмаркаҳо 22 корхонаву муассисаҳо ширкат варзида, 1720 ҷойҳои кори холиро дар дохили ҷумҳурӣ ба зиёда аз 3500 нафар корҷӯён пешниҳод намуданд. Дар натиҷа 136 нафар ба корҳои доимӣ ва 32 нафар ба омӯзиш фаро гирифта шуданд. Инчунин, бо ташаббуси Кумита ташкил ва баргузории саёҳати хонандагони мактабҳои таҳсилоти умумӣ ба қисмҳои низомии вазоратҳои мудофиа, корҳои дохилӣ, адлия, ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи гражданӣ, сарраёсати ҳифзи сарҳади давлатӣ ба роҳ монда шуд.








4 феврал дар якчанд корхонаю идора нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон борон меборад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд






