БИНОҲОИ НАВ БУНЁД МЕШАВАНД

Апрель 17, 2009 17:00

                  Душанбе, 17 апрель (АМИТ «Ховар», Мавзуна Бойева). — 17 апрель дар Агентии сохтмон ва меъмории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон нишасти матбуотӣ баргузор гардид. Директорӣ агенти Абдувалӣ Комилов дар бораи лоиҳаи биноҳо ва корхонаю муассисаҳое сухан ронд, ки дар давоми се моҳи аввал соли 2009 таҳия карда шудаанд.                   Вай зикр намуд, ки мутахассисони Агентии сохтмон ва меъмори дар ин муддат, лоиҳаи навсозии бинои собиқ Кумитаи Ҳизби коммунистии ноҳияи Ишкошим, лоиҳаи студияи телевизион дар шаҳри Хоруғ, лоиҳаи меҳмонхона барои 50 нафар дар маркази ноҳияи Тоҷикобод, лоиҳаи Беморхонаи марказии нохияи Ҷиргатол, нақшаи таъмири асосӣ ва ободонии гирду атрофи КВД «Точикмидсервис», «Маркази савдо ва чорабиниҳо дар кучаи Айнии шаҳри Душанбе», бинои 12 қабатаи истиқоматӣ бо маркази савдо ва саломатӣ дар чорсӯӣ кӯчаҳои А.Навоӣ ва Б.Ғафурови шаҳри Душанбе, Корхонаи кабели дар шаҳри Душанбе ва ғайраро тартиб дода, барои муҳокима ва мувофиқа ба ташкилоту идораҳои дахлдор фиристодаанд.

Апрель 17, 2009 17:00

Хабарҳои дигари ин бахш

4 феврал дар якчанд корхонаю идора нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон борон меборад
Имрӯз дар якчанд кумитаю идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Пагоҳ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд