БМТ ЧӢ ҚАДАР ЗАХИРАИ ТИЛЛО ДОРАД?
Душанбе, 22 апрел. (АМИТ «Ховар», Бекназари Абӯбакр). — Меъёри захираҳои ҳатмии Бонки миллии Тоҷикистон дар давоми се моҳи аввали соли равон дар сатҳи 9 ва 11 фоиз бетағйир боқӣ монда, долларикунонии иқтисодиёт зиёда аз 65 фоиз ва меъёри бозтамвил аз 13,5 то 12 фоиз паст карда шуд. Дар Бонки миллии Тоҷикистон ба мухбири АМИТ «Ховар» гуфтанд, ки захираи умумии тиллоию асъории БМТ ба ҳолати якуми апрели соли равон 174,96 миллион доллари ИМА-ро ташкил дод, ки дар охири соли 2008 ба 198,58 миллион доллари амрикоӣ баробар буд. Дар ин давра пулҳои захиравӣ 1 663 миллион сомониро ташкил дод, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 218,1 миллион сомонӣ ё 15,1 фоиз зиёд аст. Ҳаҷми пулҳои нақд дар муомилот дар семоҳаи якуми соли ҷорӣ ба 1 418,7 миллион сомонӣ баробар шуда, нисбат ба семоҳаи аввали соли гузашта 282,8 миллион сомонӣ ё 24,9 фоиз зиёд гардид.








4 феврал дар якчанд корхонаю идора нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон борон меборад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд






