БОЙГОНӢ 78 СОЛА ШУД

Апрель 3, 2009 16:03

                  Душанбе, 3 апрел. (АМИТ «Ховар», Жасмин Назарова). — 3 апрел аз таъсисёбии бойгонии давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон 78 — сол пур шуд. Тавре дар сӯҳбат ба хабарнигори АМИТ «Ховар» мудири бахши бойгонии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд Мавлонҷон Дадабоев гуфт, алҳол дар бойгонии вилояти Суғд 340 ҳазор парванда аз солҳои 1914-и асри 20 то имрӯз ҳифз карда мешавад.                  М. Дадабоев мегӯяд, ки бойгонии вилояти Суғд соли 1925 таъсис дода шуда, бахшҳои он дар шаҳру ноҳияҳои Истаравшан, Панҷакент ва Конибодом фаъолият менамоянд. Бойгонии вилояти Суғд соли 2007 соҳиби бинои нав гардид, ки он аз 40 утоқи корӣ ду маҳфузгоҳи калон барои ғунҷоиши 250 ҳазор ҳуҷҷат иборат аст. Инчунин, бинои нав дорои шароити мусоид ва таҷҳизоти замонавӣ барои ҳифз ва нигоҳдошти санадҳои таърихӣ мебошад. Дар бойгонии вилояти Суғд 40 корманд фаъолият дорад. Ба фаъолияти электронӣ гузаштани бойгонӣ ва пайваст ба шабакаи байналмиллалии Интернет аз дурнамои фаъолияти идора ба шумор меравад.

Апрель 3, 2009 16:03

Хабарҳои дигари ин бахш

«МАКТАБИ МОДАРОН». Дар Ёвон духтарон таҷриба омӯхта, ба ҳаёти мустақилона омода мешаванд
22 январ дар Тоҷикистон ҳарорати ҳаво паст шуда, бориши барф пешгӯӣ мешавад
ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ, СУБОТИ СИЁСӢ ВА АМНИЯТИ МИЛЛИИ ТОҶИКИСТОНРО ҲИФЗ БОЯД КАРД. Дар ҳошияи Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
16 бинои муассисаи таҳсилоти ибтидоии касбӣ ва 4 муассисаи таҳсилоти миёнаи касбӣ таъмир гардид
Интернети бештар ва рақами қиматбаҳо: фоидаи тарофаҳои пешпардохтӣ дар чист?
Оид ба таъмини рушди устувори соҳаи кишоварзӣ дар шароити тағйирёбии иқлим машғулияти омӯзишӣ доир шуд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд
РУШДИ ҲУНАРҲОИ МАРДУМӢ. Дар Бадахшон беш аз 300 нафар ҳунарманд фаъолият мекунад
Дар Искандаркӯл ба бунёди меҳмонхона ва иншооти муосири сайёҳӣ санги асос гузошта шуд
Азхуд намудани донишҳои замонавӣ беҳтарин роҳ бар зидди ҷаҳолату хурофот аст. Мулоҳизаҳо дар ҳошияи Паёми Президенти Тоҷикистон
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон барф меборад