БОЗОРҲОИ ВОСЕЪ БАСТА ШУДАНД

Апрель 7, 2009 10:35

                    Кӯлоб, 7 апрел. (АМИТ «Ховар», Сулаймон Холов). — Раиси ноҳияи Восеъ Султон Валиев зимни як ҷаласа гуфт, ки дар ҳудуди ноҳия фаъолияти ду бозорро муваққатан манъ намудааст.                     С. Валиев мегӯяд, ки аз сабаби ба талаботи санитарӣ-гигиенӣ ҷавобгӯ набудан бозорҳои деҳаи Гулистон ва деҳаи Қурбоншаҳид баста шуданд.                    Инчунин, ба роҳбарони бозорҳо супориш дода шуд, ки камбудиҳои ҷойдоштаро ислоҳ кунанд. Дар ин сурат ба онҳо иҷозати дубора фаъолият намудан дода мешавад — иброз дошт раиси ноҳия.                    Бояд гуфт, ки чунин камбудиҳо дар бозори марказии ноҳия низ мушоҳида мешавад, ки ба гуфтаи Раис онҳо алакай ислоҳ шудаанд.                                                                      Таҳрири Жасмин Назарова   

Апрель 7, 2009 10:35

Хабарҳои дигари ин бахш

4 феврал дар якчанд корхонаю идора нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон борон меборад
Имрӯз дар якчанд кумитаю идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Пагоҳ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд