БУҶЕТИ ДАВЛАТИИ СОЛИ 2009 КАМ КАРДА ШУД
Душанбе, 30 апреля.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).-Дар асоси ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2009» буҷети мамлакат барои соли равон ба маблағи 459 миллион сомонӣ кам карда шуд. Ин масъаларо дар ҷаласаи навбатии иҷлосияи 5-уми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии ҷумҳурӣ вазири молияи мамлакат Сафаралӣ Наҷмиддинов шарҳ дода гуфт, ки ҳадаф аз коҳиш додани буҷети давлатӣ ин пеш аз ҳама шиддатёбии бӯҳрони молиявӣ аст, ки он ба кишвари мо низ таъсири худро расонида истодааст. Маблағҳои ихтисор карда, асосан ба соҳаи сохтмон, иншоотҳое, ки сохтмонашон чандон муҳим нест, таъмиру таҷдиди биноҳои вазорату идораҳо, муассисаҳо ва сафарҳои хизматӣ ҷудо гардида буданд, дахл дорад. Он ба маоши кормандони бахшҳои гуногуни кишвар марбут ва алоқамандӣ надорад. Бояд тазаккур дод, ки буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2009 беш аз 4 миллиард сомониро ташкил медиҳад, ки қисмати бештари он барои рушди соҳаи маорифи мамлакат нигаронида шудааст.








4 феврал дар якчанд корхонаю идора нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон борон меборад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд






