БУНЁДИ БОҒҲО ДАР СОЛИ ҶОРӢ ЗИЁД ГАРДИД

Апрель 3, 2009 14:14

                Душанбе, 3 март. (АМИТ «Ховар», Лаззат Диловарзод).- Аз маркази матбуот ва иттилооти Вазорати кишоварзӣ ба мухбири АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, ки тибқи барномаи бунёди боғҳо, дар соли ҷорӣ 1465 гектар боғҳо 498 гектар токзорҳои нав бунёд гардида, 558 гектар боғҳо ва 287 гектар токзорҳои кӯҳна барқарор карда мешаванд.                То 1-уми апрели соли ҷорӣ дар вилояти Хатлон 556 гектар боғҳои нав ва 214 гектар токзорҳо бунёд карда шуда, 89 гектар боғҳои кӯҳна ва 56 гектар токзорҳои кӯҳна барқарор карда шуданд.                Дар вилояти Суғд бошад дар ин муддат 542 гектар боғҳои нав 208 гектар токзорҳо бунёд ва 250 гектар боғҳои кӯҳна аз нав таҷдид гардиданд.                Бунёди боғҳо дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон 40 гектар ва дар ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ 327 гектарро ташкил дод.  

Апрель 3, 2009 14:14

Хабарҳои дигари ин бахш

4 феврал дар якчанд корхонаю идора нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон борон меборад
Имрӯз дар якчанд кумитаю идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Пагоҳ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд