БУЗУРГДОШТИ МЕРОС ВА РУШДИ ФАРҲАНГИ МУОСИР

Апрель 27, 2009 11:12

                   Душанбе, 27 апрел. (АМИТ «Ховар», Лутфия Эшонқулова).- Бо ташаббуси Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон 28 апрел дар Донишкадаи давлатии санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода, бахшида ба Соли бузургдошти Имоми Аъзам дар мавзӯи «Бузургдошти мерос ва рушди фарҳанги муосир» конференсияи илмӣ -назариявӣ доир мегардад.                   Дар он ректори Донишкадаи санъат, муаллимон, профессорон ва донишҷӯён дар бораи шахсият ва мақоми иҷтимоӣ, бунёди фарҳангшиносии мероси Имоми Аъзам маърӯза хоҳанд кард.                   Ҳамчунин, дар бахшҳои дигари конфронс мавзӯҳои бахшида ба соҳаҳои театршиносӣ, сарояндагии донишҷӯён, тасвири образ бо сухан, мусиқӣ ва вазъи маданияти сиёсии мардуми ҷумҳурӣ дар замони ҳозира, сиёсат ва муносибатҳои демографӣ дар Тоҷикистон, рушди иқтисодии Тоҷикистон ва ғайраҳо муҳокима мешаванд.                  Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз маркази матбуоти Вазорати фарханг хабар доданд.  

Апрель 27, 2009 11:12

Хабарҳои дигари ин бахш

4 феврал дар якчанд корхонаю идора нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон борон меборад
Имрӯз дар якчанд кумитаю идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Пагоҳ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд