Д. ДАВЛАТЗОДА: «ФАРМОН САРИВАҚТӢ ВА БА МАНФИАТ АСТ»
Душанбе, 27 апрел.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).-«Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон «Дар бораи тадбирҳои иловагии истифодаи сарфаҷӯёнаи энергия» қадами муҳим дар роҳи сарфа намудани нерӯи барқ ва таъмини истиқлолияти энергетикии кишвар аст», гуфт муовини аввали Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон Давлаталӣ Давлатзода дар маҷлиси машваратии ҷумҳуриявии ҲХДТ. Давлаталӣ Давлатзода таблиғу ташвиқи истифодаи сарфаҷӯёнаи нерӯи барқро дар байни аҳолӣ ва истифодаи фурӯзонакҳои каммасрафро рисолати ҲХДТ дар давраи бӯҳрони ҷаҳонии моливӣ арзёбӣ кард. Ба андешаи Д. Давлатзода то моҳи октябри соли 2009 таъмини 241 ҳазор оилаҳои камбизоати ҷумҳурӣ бо фурӯзонакҳои каммасраф аз ҷониби мақомоти иҷроияи шаҳру ноҳияҳо ва вазоратҳои марбутаи кишвар мисоли барҷастаи сиёсати пешгирифтаи иҷтимоии Ҳукумати мамлакат, ҷиҳати беҳдошти вазъи иҷтимоии табақаҳои камбизоати аҳолӣ мебошад.








4 феврал дар якчанд корхонаю идора нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон борон меборад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд






