ДАР ҚӮРҒОНТЕППА АВВАЛИН МАТБААИ ХУСУСӢ КУШОДА ШУД

Апрель 22, 2009 09:17

                Қӯрғонтеппа,22 апрел. (АМИТ «Ховар», Мурод Сотиев). Дар шаҳри Қӯрғонтеппа матбааи нав кушода шуд. Дар маросими ифтитоҳи корхонаи навбунёд раиси вилояти Хатлон Ғайбулло Авзалов ширкат варзид. Раиси вилоят қайд кард, ки ин аввалин матбааи хусусӣ дар вилояти Хатлон аст. «Бо кушода шудани матбааи нав нашрияҳои вилоятиву ноҳиявӣ имконияти дар ҳамин ҷо чоп кардани рӯзномаҳоро пайдо мекунанд»-қайд кард раиси вилояти Хатлон Ғайбулло Авзалов.                Дар навбати худ роҳбарияти матбааи навтаъсис ба АМИТ «Ховар» иттилоъ дод, ки алҳол корхона имконияти хуби техникӣ дошта дорои таҷҳизоти замонавӣ мебошад. Имрӯз корхона имконият дорад, ки ба ғайр аз чопи рӯзномаҳо ҳамзамон дигар корҳои чопиро иҷро намояд.  

Апрель 22, 2009 09:17

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар ноҳияи Данғара озмуни «Фарҳанги дастархонороӣ» баргузор шуд
Пагоҳ дар якчанд идораю корхона нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Соли 2025 ҳама намуди андозу даромадҳо дар шаҳри Роғун 125,7 фоиз иҷро шуд
Соли 2025 ба беш аз 77 ҳазор шаҳрванди хориҷӣ раводид дода шуд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд
9 феврал дар якчанд идораю корхона нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
6 феврал дар якчанд вазорату идораҳо нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Оид ба тағйирёбии иқлим ва стратегияҳои мутобиқшавӣ дар Осиёи Марказӣ конференсияи байналмилалӣ доир мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд кумита, Академияи миллии илмҳо, Агентии назорати давлатии энергетикӣ ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе нишасти матбуотӣ баргузор мегардад