ДАР «ХОҶАМӮЪМИН» РОВ МЕКОРАНД
Восеъ, 9 апрел, (АМИТ Ховар, Сулаймон Холов).-Идораи ҳифзи муҳити зисти ноҳияи Восеъ тасмим гирифтааст, ки дар заминҳои доманакӯҳи ноҳия тухми ров корад. Сармутахассиси идораи ҳифзи муҳити зисти ноҳия Умаралӣ Шарипов гуфт, ки ҳоло барои ин 60 кило тухмӣ ҷудо шудааст. Ин тухмиро корхонаи ҷангали «Сино» ҷамъоварӣ намудааст. Дар болои кӯҳи намаки Хоҷамӯъмин беш аз 40 гектар ров мавҷуд аст, аммо солҳои охир қисми зиёди онро бархе аз сокинони ноҳия решакан намудаанд. Ба хотири дубора эҳё намудани ин гиёҳи шифобахш тухмии вайро зиёд хоҳем намуд. Дарахтони писта низ дар фасли сармо дар болои кӯҳ бурида шудаанд. Дар ин маврид барои беҳтар сохтани ҳифзи муҳити зист таи 1 соли охир идораи экологияи ноҳия 45 нафарро ба маблағи 1300 сомонӣ ҷарима баст. Масоҳати умумии ҷангалзори болои кӯҳ ба қавли масъулин беш аз 1128 гектарро ташкил медиҳад- гуфт Умаралӣ Шарипов.








4 феврал дар якчанд корхонаю идора нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон борон меборад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд






