ДАР КУМИТАИ ДАВЛАТИИ АМНИЯТИ МИЛЛӢ МАРКАЗИ ТАҲЛИЛӢ КУШОДА ШУД

Апрель 14, 2009 14:45

                  Душанбе, 14 апрел. (АМИТ «Ховар», Наргис Бояхмедова). — Имрӯз дар Кумитаи давлатии амнияти миллӣ маркази нави таҳлилӣ кушода шуд. Маркази нав бо ташаббус ва маблағи Сафорати ИМА дар Тоҷикистон ба кор шурӯъ кард. Арзиши ташкил, таъминоти техника ва таҷҳизоти он бештар аз 710 ҳазор доллари ИМА мебошад. Марказ чор озмоишгоҳи компютерӣ, ҳуҷраи махсуси таҳлили маълумот ва синфхонаи таълимӣ барои донишҷӯёни академияи кумита дорад. Толори маҷлисҳои он барои гузаронидани семинарҳо ва конфронсҳо муҷаҳҳаз гардонида шуд.                 Маркази мазкур натиҷаи ҳамкории дуҷонибаи Ҳукуматҳои Тоҷикистон ва ИМА мебошад, ки ҳадафи он тезонидан ва беҳтар сохтани ҷараёни ҷамъоварии маълумот ва таҳлили он, инчунин, мусоидат ба такмили маҳорати кормандони Кумита аст.                 Мухбири АМИТ «Ховар» хабар медиҳад, ки дар маросими кушодашавии марказ раиси Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон Хайриддин Абдураҳимов ва сафири ИМА дар Тоҷикистон Трейси Энн Ҷейкобсон ширкат варзиданд.

Апрель 14, 2009 14:45

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон раъду барқ ба амал меояд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон бо 37 медал ба Ватан баргаштанд
Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии ҷумҳурӣ аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад