ДАР НАЗДИ КУМИТАИ КОР БО ЗАНОН МАРКАЗИ ТАЪЛИМИИ «ЧАРОҒИ ҲИДОЯТ» ТАЪСИС ЁФТ
Душанбе, 11 апрел. (АМИТ «Ховар», Ибодат Давлатова). — Бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар назди Кумитаи кор бо занон Маркази таълимии «Чароғи ҳидоят» таъсис ёфт, ки ҳадафи он фароҳам овардани шароити мусоид барои истиқомат, касбомӯзии иловагӣ барои ятимдухтарон ва омода намудани онҳо ба ҳаёти мустақилона мебошад, қайд кард дар нишасти матбуотӣ раиси Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Хайринисо Юсуфӣ. Ӯ афзуд, ки дар соли таҳсили 2008-2009 аз шумораи умумии 1007 нафар, ки тибқи квотаи Президентӣ ба макотиби олии ҷумҳурӣ дохил гардиданд, 550 нафарашонро духтарон ташкил медиҳанд. Кумита дар ҳамкорӣ бо Барномаи рушди Созмони Милали Муттаҳид лоиҳаи «Ваколати занон ва коҳиши зуроварии гендерӣ»-ро барои 28 нафар фаъолзанони касбу кори гуногун аз минтақаҳои кӯҳистони дурдасти кишвар амалӣ менамояд. Кумитаи кор бо занон ва оила оид ба иҷрои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» дар байни занон, мудирони бахшҳои кор бо занон ва оилаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳои вилоят дар 25 шаҳру ноҳия дар ҳамдастӣ бо ходимони дин, кормандони ҳифзи ҳуқуқ ва дигар соҳаҳои дахлдор, инчунин дар 65 ҷамоатҳои деҳот ва шаҳрак, 94 муассисаҳои таълимӣ, 84 маҳаллаҳо вохӯрию сӯҳбатҳо баргузор намуд.








Дар Ҳисор оид ба кишти саривақтии ғалладонагиҳо машварат доир гардид
Дар ноҳияи Ёвон оид ба таъмини амнияту субот ҳамоиш баргузор шуд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон борон меборад
Доир ба пешниҳоди каналҳои коммуникатсионии лоиҳаи «Намоиши коркарди ғайритермалии партовҳои ДДТ дар Осиёи Марказӣ» машварат баргузор гардид
ТААССУРОТИ ХОТИРМОНИ МИНИ-ФУТБОЛ. Дар Душанбе даври ниҳоии Ҷоми Тоҷикистон оид ба футзал баргузор гардид
ОҒОЗИ МАВСИМИ НИҲОЛШИНОНӢ. Дар вилояти Хатлон 600 ҳазор бех дарахти ороишию сояафкан шинонида мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон ва барф меборад
Бахшида ба 31-солагии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Москва ҳамоиш доир гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
«Барномаи миёнамуҳлати рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021–2025» натиҷагирӣ карда шуд
Дар Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон бахшида ба солгарди таъсиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ҳамоиши илмӣ баргузор гардид
Дар Хадамоти алоқа ба муносибати Рӯзи ҳуқуқи инсон ҳамоиш доир шуд






