ДАР ПАЁМИ ПРЕЗИДЕНТИ КИШВАР БА ПАРЛУМОН МАСЪАЛАҲОИ МУҲИМ ЗИКР МЕЁБАНД

Апрель 6, 2009 15:05

               Душанбе, 6 апрел.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).-«Таъсири бӯҳрони молиявии ҷаҳон ба иқтисодиёти Тоҷикистон ва роҳҳои паст кардани он яке аз масъалаҳоест, ки дар Паёми навбатии Президенти ҷумҳурӣ Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон зикр хоҳад шуд», гуфт дар сӯҳбат ба хабарнигори АМИТ «Ховар» Сардори раёсати ҳифзи иҷтимоӣ ва бозори меҳнати Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти ҷумҳурӣ Фирӯз Саидов.                Мавсуф афзуяд, ки тибқи таҳлилҳои мо масъалаҳои ташкили ҷойҳои нави корӣ, ҳифзи иҷтимоии табақаҳои камбизоати аҳолӣ дар шароити бӯҳрони молиявӣ, самаранок истифода намудани заминҳои кишоварзӣ ва рушди сектори аграрии кишвар, ҳимои бозори дохилии ҷумҳурӣ, дастгирии истеҳсолкунандагони ватанӣ ва сохтмони иншооти муҳими аср, аз ҷумла, нерӯгоҳҳои барқи обӣ аз мавзӯъҳои муҳимест, ки дар Паёми Президенти мамлакат бояд баён гарданд.              Мавриди зикр аст, ки 15 апрели соли равон Президенти ҷумҳурӣ Эмомалӣ Раҳмон дар иҷлосияи якҷояи Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Паёми навбатӣ баромад менамояд.

Апрель 6, 2009 15:05

Хабарҳои дигари ин бахш

4 феврал дар якчанд корхонаю идора нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон борон меборад
Имрӯз дар якчанд кумитаю идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Пагоҳ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд