ДАР РӮЗИ ПОЙТАХТ 30 000 МЕТРИ МУРАББАЪ МАНЗИЛ БА ИСТИФОДА ДОДА ШУД

Апрель 18, 2009 12:12

               Душанбе, 18 апрел.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).-18 апрел дар Рӯзи пойтахт дар Душанбе 8 иншооти ҷашнӣ ва наздики 30 ҳазор метри мураббаъ манзил супорида шуд.                Назар ба иттилои котиби матбуотии раиси шаҳри Душанбе Шавкат Саидов, дар кӯчаҳои Валаматзода ва Ҳофизи Шерозии пойтахт 6 бинои 9-ошёнаи истиқоматӣ мавриди истифода қарор дода, шуданд, ки шаҳодати раванди бунёдкорию созандагӣ дар пойтахт аст. Инчунин, як қатор Марказҳои савдо, таваққуфгоҳҳо, марказҳои техникӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтанд.                Ҳамзамон, дар Рӯзи пойтахт бо мусоид омадани боду ҳаво сокинон ва кормандони идораю муассисаҳои гуногуни пойтахт ба ҳашари умумишаҳрӣ баромада, дар тозаю обод гардонидани маҳали зист, коргоҳ, кӯчаю хиёбонҳои шаҳр ва соҳилҳои дарёи Душанбе саҳми муносиб гузоштанд.                Шавкат Саидов афзуд, ки бо мақсади хотирмон гузаронидани рӯзи пойтахт дар асоси нақша-чорабиниҳои таҳрезӣ намудани раиси шаҳр Маҳмадсаид Убайдуллоев дар Боғҳои фарҳангу фароғатии устод Айнӣ, «Дӯстии халқҳо», «Кӯли комсомол» ва майдони «800-солагии Москва» сайру гашти идонаи шаҳрвандон аз соати 13 то 17 ташкил карда мешавад.               Баъд аз зуҳр дар «Маркази равобити пойтахт» бо иштироки раиси шаҳр дар робита ба ҷашн ҷамъомади тантанавӣ баргузор мегардад. Дар он як қатор озмунҳои шаҳрӣ ва марафони дав ҷамъбаст гардида, ба ғолибон тӯҳфаҳои хотиравӣ ва ифтихорномаҳо супорида мешавад.

Апрель 18, 2009 12:12

Хабарҳои дигари ин бахш

4 феврал дар якчанд корхонаю идора нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон борон меборад
Имрӯз дар якчанд кумитаю идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Пагоҳ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд