ДАР СУҒД 39 КОРХОНАИ САНОАТӣ ФАЪОЛИЯТ НАКАРД

Апрель 7, 2009 11:46

                 Душанбе, 7 апрел. (АМИТ «Ховар», Бекназари Абӯбакр). — Дар давоми се моҳи аввали соли ҷорӣ дар вилояти Суғд аз 232 корхонаи саноатӣ 142 ададаш вусъати афзоишро таъмин карда натавонистанд. 51 корхона нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта ҳаҷми истеҳсоли маҳсулотро кам намуда, 39 корхона бошад умуман фаъолият накардаанд. Аз маркази иттилоот ва таҳлили дастгоҳи раиси вилояти Суғд ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, ки ин нуқтаро Сарвазири мамлакат Оқил Оқилов зимни ҷамъбасти сафари кориаш дар вилояти Суғд 6 апрел изҳор намуд.                  Гузашта аз ин, истеҳсоли автобус, таҷҳизоти қисмҳои эҳтиётӣ барои мошинҳои хоҷагиҳои қишлоқ, оҳаксанги сохтмонӣ, велосипед, термос, аробачаи маъюбон, риштаи пашмин ва ғайра, умуман истеҳсол нагардидаанд.                  Бино ба иттилои муовини аввали раиси вилояти Суғд Шакарбек Самадов дар моҳҳои январ-марти соли равон истеҳсоли 31 номгўи маҳсулоти саноатӣ, аз ҷумла истихроҷи ангиштсанг, нафт, хишт ва масолеҳи ғайри маъдании сохтмонӣ, зарфҳои сирдор, маҳсулоти ширӣ, орд ва ғайра афзудааст.                «Бо вуҷуди ин, чунонки таҳлилҳо нишон доданд, ноҳияҳои Ашт, Зафаробод, Мастчоҳ, Спитамен ва Бобоҷон Ғафуров нисбат ба ҳамин давраи соли сипаришуда вусъати афзоишро таъмин карда натавонистанд», — тазаккур дод муовини аввали раиси вилоят. Ӯ афзуд, ки дар ин давра музди маоши кормандони соҳаи саноат тадриҷан баланд гардида, аз рўи ҳисоботи кумитаи омори вилоят агар дар ҳамин давраи соли 2008 музди миёнаи кормандони соҳаи саноат 235 сомониро ташкил медод, ин нишондиҳанда дар ду моҳи аввали соли ҷорӣ ба 330 сомонӣ баробар гардид.

Апрель 7, 2009 11:46

Хабарҳои дигари ин бахш

4 феврал дар якчанд корхонаю идора нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон борон меборад
Имрӯз дар якчанд кумитаю идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Пагоҳ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд