ДАР СУҒД АЗ ҚУРБОНИЁНИ САДАМАИ ЧЕРНОБИЛ ЁД МЕКУНАНД

Апрель 11, 2009 10:57

              Душанбе, 11 апрел. (АМИТ «Ховар», Бекназари Абӯбакр). — Дар қаламрави вилояти Суғд даҳаи сеюми моҳи апрел Рўзи ёдбуди иштирокчиён ва бартарафкунандагони садамаи истгои барқии атомии Чернобил доир хоҳад шуд. Бо ин мақсад раиси вилояти Суғд Қоҳир Расулзода қарори махсусро ба тасвиб расонид.               Роҳбари маркази иттилоот ва таҳлили дастгоҳи раиси вилоят Илҳом Ҷамолов ба мухбири АМИТ «Ховар» иттилоъ дод, ки ҳадафи аслии қарори мазкур қадршиносӣ аз ҷасорату мардонагии иштирокчиён ва посдории хотираи қурбониёни бартарафкунии садамаи Чернобил мебошад.               Мувофиқи қарори мазкур барои баргузории чорабиниҳои Рўзи ёдбуди иштирокчиён ва бартарафкунандагони садамаи истгоҳи барқии атомии Чернобил аз ҳисоби фонди захиравии раиси вилояти Суғд 7 ҳазору 350 сомонӣ ҷудо шудааст.

Апрель 11, 2009 10:57

Хабарҳои дигари ин бахш

4 феврал дар якчанд корхонаю идора нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон борон меборад
Имрӯз дар якчанд кумитаю идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Пагоҳ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд