ДАР ТОҶИКИСТОН ҶАМЪИЯТИ ЗАРАРДИДАГОН АЗ МИНАҲО ТАЪСИС ДОДА МЕШАВАД
Душанбе, 15 апрел. (АМИТ «Ховар», Наталя Михайлова). — Хизматчии ҳарбии собиқи Вазорати мудофиаи чумҳурӣ Ҷаъфар Нозимов қарор додааст, ки созмони ғайриҳукуматии «Ҷамъияти зарардидагони минаҳо» — ро ташкил намояд. Худи Ҷ.Нозимов маъюби гурӯҳи дуюм буда, зимни адои хизмати ҳарбӣ дар вақти безарар гардондани мина маҷрӯҳ шудааст. Ҳадафи ташкили ҷамъияти нав мусоидат ба ҳифзи ҳуқуқи шаҳрвандоне мебошад, ки аз таркиши мина маҷрӯҳ шудаанд. Ҷ.Нозимов зимни сӯҳбат бо мухбири АМИТ «Ховар» зикр кард, ки баъди соли 1992 дар минтақаи сарҳади Тоҷикистону Ӯзбекистон дар натиҷаи таркиши минаҳо 239 нафар ҳалок ва 231 нафар маҷрӯҳ шудааст. Дар байни онҳо хизматчиёни ҳарбӣ, безараркунандагони минаҳо ва лавозимоти нотаркидаи ҷангӣ хеле зиёданд. Қайд карда шуд, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон 12 октябри соли 1999 ба барномаи манъи истифода, истеҳсол ва ҳамлу нақли минаҳои зиддипиёдагардон ва нобуд сохтани онҳо ҳамроҳ шуд. Мувофиқи барномаи мазкур, Тоҷикистон бояд дар қаламрави худ тамоми минаҳои хобонидашударо дераш то 1 апрели соли 2010 безарар гардонад. Соли 2004 дар Найроби конфронси нахустини давлатҳои иштирокдори барномаи манъи истифодаи минаҳо баргузор гардид. Дар он Тоҷикистон аз ҷумлаи 24 мамлакати иштирокдори барнома ном бурда шуд, ки дар онҳо теъдоди зиёди одамон бар асари таркиши минаҳо ҳалоку маҷрӯҳ гардидаанд. Тибқи қарори конфронси мазкур Тоҷикистон дар бобати безарар гардондани минаҳо ва таъмини эҳтиёҷоти зарардидагони минаҳо ба кӯмаки калон эҳтиёҷ дорад. Мухбири АМИТ «Ховар» хабар медиҳад, ки Маркази безарар гардондани минаҳои Тоҷикистон ташкили ҷамъияти мазкурро дастгирӣ намуд. Тарҷумон — Қудратов А.








4 феврал дар якчанд корхонаю идора нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон борон меборад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд






