ДАР ТОҶИКИСТОН 56 ЛОИҲА ТАТБИҚ МЕШАВАД
Душанбе, 27 апрел. (АМИТ «Ховар», Бекназари Абӯбакр). — «Сабади лоиҳаҳои инвеститсионии амалкунандаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба 1 апрели соли ҷорӣ 56 лоиҳаро ба маблағи умумии 6,4 миллиард сомонӣ ташкил медиҳад, ки аз ин миқдор маблағҳои қарзӣ 74 фоиз, маблағҳои грантӣ 15 фоиз ва маблағҳои буҷавӣ 11 фоизро ташкил медиҳанд», — гуфт зимни нишасти матбуотӣ 27 апрел, раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи далатии Ҷумҳурии Тоҷикистон Фаррух Ҳамралиев. Ӯ афзуд, ки дар давоми семоҳаи аввали соли равон азхудкунии маблағҳо 298 миллион сомониро ташкил дода, татбиқи лоиҳаҳо дар соҳаҳои мухталифи иқтисодиёти мамлакат ҷараён меёбанд. Мавриди зикр аст, ки ба ҳолати имрӯза ҷалби умумии сармояи мустақими хориҷӣ ба 3 миллиард сомонӣ баробар шуд, ки ин нишондиҳанда нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 10 фоиз зиёд мебошад. Дар фарҷом Ф. Ҳамралиев ба саволҳои хабарнигорон посухҳои мушаххас дода, зикр намуд, ки бо мақсади ҷалби ҳарчи бештари сармояи мустақими хориҷи ба иқтисоди мамлакат диски инвеститсиони Тоҷикистон аз сари нав таҳлил гардида, 15 лоиҳаи инвеститсионии нав ба он ворид карда шуд, ки ин бевосита ба ҷалби сармояи мустақим мусоидат мекунад.








4 феврал дар якчанд корхонаю идора нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон борон меборад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд






