ДАР ТОҶИКИСТОН ЧАНД ХАБАРНИГОРИ ХОРИҶӢ ФАЪОЛИЯТ ДОРАД?

Апрель 30, 2009 15:17

                  Душанбе, 30 апрел.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).-«Алҳол дар Ҷумҳурии Тоҷикистон 24 намояндагии Васоити ахбори оммаи хориҷӣ ба қайд гирифта шудаанд, ки дар онҳо ҳудуди 100 хабарнигор фаъолият менамояд», гуфт дар маросими расмии ифтитоҳи намояндагии хабаргузории Ҷумҳурии Исломии Эрон -«Форс» дар Ҷумҳурии Тоҷикистон сардори департаменти иттилооти Вазорати корҳои хориҷии ҷумҳурӣ Давлаталӣ Назриев.                  Намояндаи масъули идораи сиёсати хориҷии Тоҷикистон зикр кард, ки хабаргузории «Форс» -4 -умин васоити ахбори оммаи Эрон аст, ки дар Тоҷикистон намояндагии худро кушод. То ин муддат намояндагии Хабаргузории расмии Эрон «ИРНА», Садо ва Симои Ҷумҳурии Исломии Эрон бунгоҳҳои худро дар Тоҷикистон ифтитоҳ намуда буданд.                  Ба андешаи Давлаталӣ Назриев ифтитоҳи намояндагии ВАО-и хориҷӣ, аз ҷумла, хабаргузории «Форс» дар ҳифзи манфиатҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва рушди фазои иттилоотии кишварҳои минтақа ва ҷаҳон нақши муассир хоҳад гузошт.

Апрель 30, 2009 15:17

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон борон меборад
Имрӯз дар якчанд кумитаю идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Пагоҳ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд