ДАР ТОҶИКИСТОН ДОРОИҲОИ НИЗОМИ БОНКӢ МЕАФЗОЯНД

Апрель 10, 2009 17:13

               Душанбе, 10 апрел. (АМИТ «Ховар», Бекназари Абӯбакр). — Тибқи маълумотҳои фаврӣ дороиҳои ташкилотҳои қарзӣ дар давоми семоҳаи аввали соли равон ба 6 303,0 миллион сомонӣ баробар шуд, ки ин нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 0,6 фоиз зиёд мебошад.               Дар Бонки миллии Тоҷикистон ба мухбири АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, ки дороиҳои бонкҳо ва ҷамъиятҳои қарзӣ 3 920 миллион сомонӣ, ташкилоти молиявии ғайрибонкӣ 2 039 миллион сомонӣ ва дороиҳои ташкилотҳои маблағгузории хурд 344 миллион сомониро ташкил дод.                Мавриди зикр аст, ки дар ин давра дар ҷумҳурӣ 121 ташкилоти қарзӣ, аз ҷумла 12 бонк, 7 ҷамъияти қарзӣ, як ташкилоти молиявии ғайрибонкӣ ва 101 ташкилоти маблағгузории хурд фаъолият мекунанд.  Шумораи бонкҳо, ҷамъиятҳои қарзӣ, ташкилотҳои молиявии ғайрибонкӣ тағйир наёфта, теъдоди ташкилотҳои маблағгузории хурд 8 адад зиёд гардидааст.

Апрель 10, 2009 17:13

Хабарҳои дигари ин бахш

4 феврал дар якчанд корхонаю идора нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон борон меборад
Имрӯз дар якчанд кумитаю идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Пагоҳ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд