ДАР ВАҲДАТ БА ИСРОФКОРӢ РОҲ ДОДА НАМЕШАВАД
Душанбе, 23 апрел. (АМИТ «Ховар», Лаззат Диловарзод).- Гузаронидани нишастҳои матбуотӣ фаъолияти кори корхонаю идора, вазорату муассисаҳои ҷумҳуриро шаффофтар месозад. Ҷунин як шаффофият ҳангоми додани иттилоот дар нишасти матбуотӣ, ки дар шаҳри Ваҳдат доир гардид, бештар эҳсос шуд. Дар нишасти матбуотӣ роҳбарони ҳамаи сохтори мақомоти иҷрояи ҳокимияти давлатии шаҳр ширкат варзиданд. Ба саволҳои хабарнигорони расонаҳои ватанӣ на раис, балки бевосита сардорони раёсату кумитаҳо, идораю муассисаҳо, раисони шаҳраку деҳот дар асоси далелҳои мӯътамад ҷавоб гуфтанд. Ташкили чунин нишаст имкон медиҳад, ки хабарнигорон нафакат ба шаффофияти иттилоот, балки ба малакаю дониши касбии роҳбарони идораю муассисаҳои шаҳру ноҳияҳо бештар ошно гарданд. Дар охир, нишасти матбуотиро раиси шаҳр Анвари Вайсиддин ҷамъбаст намуда иброз дошт, ки дар ҳама мақомоти идоракунии давлатӣ ва ташкилоту муассисаҳои буҷетӣ нисбати хароҷотҳои беҳуда, ки дар Паёми Президент ба Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ омадааст, тамоми исрофкориҳо, аз қабили сафарҳои хориҷӣ, таъмири капиталӣ, чорабиниҳои сермасраф маҳдуд карда мешаванд. Нишасти матбуотиро хабарнигорон хеле хуб қабул карданд. Онҳо ба саволҳои худ ҷавобҳои қаноатбахш гирифтанд.








Оид ба рушди ҳунармандӣ ва истифода аз грантҳои президентӣ дар ноҳияи Рӯдакӣ машғулияти омӯзишӣ доир гардид
Доир ба нақши Китобхонаи миллии Тоҷикистон дар омӯзиши забонҳои чинӣ ва кореягӣ конфронс доир шуд
Дар вилояти Суғд ғолибони озмунҳо қадрдонӣ гардиданд
Дар шаҳри Ҳисор маъракаи азнавбақайдгирии нафақагирон идома дорад
Имрӯз дар Тоҷикистон зимистони астрономӣ фаро мерасад
Паёми Президенти Тоҷикистон дар ташаккули қонунгузории миллӣ нақши марказӣ дорад
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
«Кока-Кола Нӯшокиҳои Тоҷикистон» ва Федератсияи футболи Тоҷикистон ҳамкории дарозмуддатро тасдиқ намуданд
Дар вилояти Хатлон ҷаласаи Ситоди ҷумҳуриявӣ оид ба зимистонгузаронӣ баргузор шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 10 дараҷа гарм мешавад
Ҳифзи Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон ва Ваҳдати миллӣ муҳимтарин вазифа аст
Дар шаҳри Ҳисор оид ба пешгирии қонунвайронкуниҳо ҷаласаи васеи назоратӣ баргузор шуд






