ДАРЁ НИШОНАҲОИ ҶИНОЯТРО РӮПӮШ НАМЕКУНАД

Апрель 11, 2009 11:38

                Душанбе, 11 апрел. (АМИТ «Ховар», Наталя Михайлова). — 10 апрел ҷасади сокини 28 — солаи шаҳри Душанбе, духтари овозхони маъруф Хуршед Алидодов, корманди ширкати «Вавилон — Мобайл» Насиба Алидодова аз дарёи Душанбе дар рӯ ба рӯи кӯчаи Карамов дар наздикии кӯпрук ёфт шуд. Дар ҷасад нишонаҳои марги маҷбурӣ мушоҳида карда мешаванд. Дастон ва даҳони ҷасад бо қоғази махсуси сирешдор (скотч) часпонда шуда буданд.               Ҳамон рӯз дар шафати кӯчаи Шерозӣ дар қисмати ҷануби кӯпруки дарёи Душанбе ҷасади сокини 47 — солаи пойтахт Раҳмон Аҳмадов ёфт шуд, ки дар он нишонаҳои марги маҷбурӣ ба назар мерасид. Даҳон ва дастони ӯ бо қоғази махсуси сирешдор часпонда ва пойҳояш бо ресмон баста шуда буданд.               Аз дафтари матбуоти ВКД ҷумҳурӣ ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, ки роҳбарияти вазорати корҳои дохилӣ маҳалли ин воқеаҳоро аз назар гузаронд. Барои тафтиши онҳо гурӯҳҳои махсус ташкил карда шуданд. Дар ин бобат парвандаи ҷиноӣ кушода шуд ва тафтиши онҳо давом дорад.

Апрель 11, 2009 11:38

Хабарҳои дигари ин бахш

4 феврал дар якчанд корхонаю идора нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон борон меборад
Имрӯз дар якчанд кумитаю идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Пагоҳ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд