ДАСТГОҲИ НАВИ ТОМОГРАФӢ МАВРИДИ БАҲРАБАРДОРӢ ҚАРОР ГИРИФТ
Душанбе, 1 апрел. (АМИТ «Ховар», Бекназари Абӯбакр). — Дар Маркази табобату маслиҳатӣ ва ташхисии вилояти Суғд аввалин дастгоҳи томографи компютерии муосир ба истифода дода шуд. Аз маркази иттилоот ва таҳлили дастгоҳи раиси вилоят ба мухбири АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, ки дар маросими баистифодадиҳии дастгоҳи мазкур раиси вилояти Суғд Қоҳир Расулзода иштирок намуда, тазаккур дод, ки ба истифода додани таҷҳизоти томографӣ баҳри рушди соҳаи тандурустӣ дар вилоят ва ҳам беҳтар кардани сатҳ ва сифати табобат мусоидат мекунад. Аз ин рӯ, масъулини соҳаро зарур аст, ки вобаста ба сатҳи иҷтимоии аҳолӣ хизмати ройгон ва имтиёзнокии ин таҷҳизотро барои ниёзмандаон ба роҳ монанд. Мавриди ёдоварист, ки Президенти ҷумҳурӣ Эмомалӣ Раҳмон дар яке аз сафарҳои кории худ ба вилояти Суғд моҳи ноябри соли 2007 дар маросими ба истифода додани бинои табобатии маркази дилшиносии вилоят барои дастрас намудани чунин таҷҳизот дастур дода, баҳри харидории он аз фонди захиравии худ 1 миллиону 500 ҳазор сомонӣ маблағ ҷудо карда буд. Дастгоҳи тамографи компютерии тамғаи «Bright Speed-4» истеҳсоли Амрико буда, ба маблағи 1 миллиону 670 ҳазор сомонӣ харидорӣ шудааст. Дар баробари ин, дар маркази мазкур ҳамчунин дастгоҳи рентгении момограф «MXR200» мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт, ки ин дастгоҳ барои аксбардории рентгении ғадуди сина пешбенӣ шудааст.








4 феврал дар якчанд корхонаю идора нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон борон меборад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд






