ДАЪВАТИ МУАССИСАИ РУШДИ СММ

Апрель 2, 2009 15:12

                Душанбе, 2 апрел. (АМИТ «Ховар», Фарангис Раҳимова). — Имрӯз дар Лондон мулоқоти сарони 20 мамлакати тараққикардаи саноатии ҷаҳон кушода шуд. Дар он масъалаҳои марбут ба бартараф сохтани оқибатҳои бӯҳрони ҷаҳонии молиявӣ дар мамлакатҳои ҷаҳон муҳокима карда мешаванд. Муассисаи рушди СММ дар робита изҳор менамояд, ки дар ин ҷамъомади мӯътабар танҳо проблемаҳои мамлакатҳои мутараққӣ мавриди баррасӣ қарор дода мешаванд. Роҳбарони давлатҳои калонтарини саноатии ҷаҳон зимни муҳокимаи ин проблема ба таъсири бӯҳрони ҷаҳонии молиявӣ ба мамлакатҳои рӯ ба инкишоф ва камбағалу қашшоқ таваҷҷӯҳ зоҳир намекунанд. Таҳлили проблемаҳои пешинаи иқтисодӣ нишон медиҳад, ки мамлакатҳои камбағалу қашшоқ бар асари чунин дигаргуниҳои азим нисбат ба мамлакатҳои пешрафтаи саноатӣ бештар зарар мебинанд. Дар ин мамлакатҳо на танҳо теъдоди зиёди одамон бекор мемонанд, балки ба соҳаҳои тандурустӣ, маориф, дарозии умри одамон ва сифати машғулиятҳо дар мактабҳо зарари калон расонида мешавад. Дар чунин шароити душвор одамон аз хизмати тиббӣ ва муассисаҳои таълимӣ истифода бурда наметавонанд.                   Ба қавли коршиносони СММ, се фоиз кам шудани ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти умумии дохилӣ дар мамлакатҳои рӯ ба инкишоф сабаби хеле зиёд гардидани миқдори вафоти бачагони хурдсол ва бемор гардида метавонад. Аллакай, дар шароити ҳозира дар баъзе мамлакатҳои қашшоқ миқдори вафоти одамон чандин баробар афзудааст.                 Муншии умумии СММ Пан Ги Мун дар мулоқоти мазкур аз номи 150 мамлакати рӯ ба инкшоф сухан хоҳад кард. Вай, аз ҷумла, дар бораи ниҳоят бад шудани шароити зиндагии гурӯҳҳои камбизоати аҳолӣ сухан хоҳад ронд.                 Бинобар ин, муассисаи рушди СММ мамлакатҳои мутараққиро даъват менамояд, ки то ҳадди имкон ба мамлакатҳои қафомонда ва рӯ ба инкишоф кӯмак расонанд.  

Апрель 2, 2009 15:12

Хабарҳои дигари ин бахш

Пагоҳ иҷлосияи чоруми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон ва барф меборад
Дар Ҳисор оид ба кишти саривақтии ғалладонагиҳо машварат доир гардид
Дар ноҳияи Ёвон оид ба таъмини амнияту субот ҳамоиш баргузор шуд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон борон меборад
Доир ба пешниҳоди каналҳои коммуникатсионии лоиҳаи «Намоиши коркарди ғайритермалии партовҳои ДДТ дар Осиёи Марказӣ» машварат баргузор гардид
ТААССУРОТИ ХОТИРМОНИ МИНИ-ФУТБОЛ. Дар Душанбе даври ниҳоии Ҷоми Тоҷикистон оид ба футзал баргузор гардид
ОҒОЗИ МАВСИМИ НИҲОЛШИНОНӢ. Дар вилояти Хатлон 600 ҳазор бех дарахти ороишию сояафкан шинонида мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон ва барф меборад
Бахшида ба 31-солагии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Москва ҳамоиш доир гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
«Барномаи миёнамуҳлати рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021–2025» натиҷагирӣ карда шуд