ДДТТ ДАР САМТИ ТАЪЛИМУ ТАРБИЯ НИШОНДИҲАНДАҲОИ ХУБ БА ДАСТ ОВАРД
Душанбе, 27 апрел. (АМИТ «Ховар», Лутфия Эшонқулова).- Дар се моҳи аввали соли равон дар сохтори Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино як қатор дигаргуниҳо рух доданд. Аз ҷумла, марказҳои ягонаи тестӣ, тарҷумаи адабиёт ва истилоҳоти соҳавӣ, технологияи иттилоотӣ ва компютерӣ, ташхисию табобатӣ таъсис дода шуда, ба фаъолият шурӯъ намуданд. Дар ин бора ректори ДДТТ Убайдулло Қурбонов зимни нишасти матбуотие, ки имрӯз дар толори донишгоҳ доир гардид, хабар дод. Ӯ зикр намуд, ки дар ин давра донишгоҳ дар самти таълиму тарбия низ нишондиҳандаҳои хуб ба даст овард. Аз таҳлили сессияи зимистонаи соли хониши 2008-2009 бармеояд, ки 1401 нафар ё 34, 3% донишҷӯён сессияро бо баҳои хубу аъло ҷамъбаст карданд. Нишондиҳандаи дарсазхудкунии донишҷӯён назар ба сессияи зимистонаи соли гузашта 5,7% беҳтар гаштааст. У. Қурбонов дар баромади худ афзуд, ки яке аз самтҳои фаъолияти донишгоҳ ин мукаммалгардонии потенсиали кадрӣ ба шумор меравад. Айни ҳол дар донишгоҳ 4 факультет, 63 кафедра фаъолият намуда, 680 омӯзгор дарс мегӯянд. Теъдоди умумии донишҷӯён 5598 нафарро ташкил медиҳад, ки аз онҳо 459 нафарашон донишҷӯёни хориҷӣ мебошанд.Аз ин миқдор 3345 нафар тариқи буҷавӣ, 1812 нафар тариқи шартномавӣ ва 441 нафар тибқи квотаи президентӣ таҳсил менамоянд.








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон борон меборад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд






