ДОРУСОЗОНИ ҶАВОН ДАР ТЕҲРОНУ РАШТ ТАҶРИБА МЕОМӮЗАНД

Апрель 22, 2009 09:49

                 Душанбе, 22 апрел.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).- Гурӯҳи 20 нафараи донишҷӯёни соли панҷуми бахши дорусозии Донишгоҳи Давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино ба Эрон рафт.                   Онҳо муддати як моҳ дар муассисаҳои дорусозии шаҳрҳои Теҳрон ва Рашт давраи коромӯзиро гузашта, таҷрибаи худро дар ин соҳа мукаммал мегардонанд. Ҳамзамон, бо дастовардҳои дорусозии ин кишвар ошно мегарданд.                 Аз Сафорати Эрон дар Душанбе ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, ки ин иқдом дар асоси тавофуқномаи ҳамкорӣ, ки байни Вазорати тандурустии Тоҷикистон ва Вазорати беҳдошти дармон ва омӯзиши пизишкии Эрон ба имзо расидааст, амалӣ шуд.

Апрель 22, 2009 09:49

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар ноҳияи Данғара озмуни «Фарҳанги дастархонороӣ» баргузор шуд
Пагоҳ дар якчанд идораю корхона нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Соли 2025 ҳама намуди андозу даромадҳо дар шаҳри Роғун 125,7 фоиз иҷро шуд
Соли 2025 ба беш аз 77 ҳазор шаҳрванди хориҷӣ раводид дода шуд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд
9 феврал дар якчанд идораю корхона нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
6 феврал дар якчанд вазорату идораҳо нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Оид ба тағйирёбии иқлим ва стратегияҳои мутобиқшавӣ дар Осиёи Марказӣ конференсияи байналмилалӣ доир мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд кумита, Академияи миллии илмҳо, Агентии назорати давлатии энергетикӣ ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе нишасти матбуотӣ баргузор мегардад