ДУ АГРЕГАТИ НБО – И «НОРАК» ИВАЗ КАРДА МЕШАВАД

Апрель 23, 2009 14:41

                       Душанбе, 23 апрел. (АМИТ «Ховар», Жасмин Назарова). — Дар Вазорати энергетика ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон нишасти матбуотӣ бо иштироки намояндагони васоити ахбори омма баргузор гардид.                        Дар он муовини аввали вазири энергетика ва саноати ҶТ Пӯлод Муҳиддинов доир ба фаъолияти соҳа дар давоми се моҳи гузаштаи соли ҷорӣ маълумот дод.                       Дар нишасти мазкур қайд карда шуд, ки дар ҷумҳурӣ, ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ 1 млрд. 218,3 млн. сомониро ташкил медиҳад. Корхонаҳои системаи Вазорати энергетика ва саноат ба маблағи 289,6 млн. сомонӣ маҳсулот истеҳсол карда, хизматҳои пулакӣ расонданд ва суръати афзоиш 110,1 % — ро ташкил медиҳад.                       Инчунин дар соҳаи сӯзишворию энергетикӣ 1 корхона, дар маводи сохтмон 21 корхона, мошинсозӣ ва кимиё 3 корхона, саноати сабук 22 корхона, саноати хӯрокворӣ 38 корхона ва соҳаи табъу нашр 2 корхона, дар маҷмӯъ 90 корхонаҳои нав, ки дар ҳамин давраи соли гузашта фаъолият надоштанд, ба кор дароварда шуданд.                       Бояд қайд намуд, ки дар семоҳаи аввал дар корхонаю муассисаҳои системаи вазорат 1861 ҷои корӣ таъсис дода шуд.                        Ҳамчунин ҳаҷми истихроҷи ангишт 105%, нафт 104%, гази табиӣ 113% истеҳсоли бензин 101,8%, сӯзишвории дизелӣ 101,9%, мазут 139,2%, молҳои саноати сабук 111,2%, матои тайёри пахтагӣ 104,7%, орд 104,6%, консерваҳо 4,0 баробар, истихроҷ ва коркарди намаки ошӣ 114,7%, трансформаторҳои қуввагӣ (ба ҳисоби дона) 130%, арақ ва маҳсулоти он 105%, обҳои маъданӣ 134,8%, ҷӯробу пайпоқ 100,5%, қолину маҳсулоти қолинӣ 114,2%, спирти этил 101,8%, маҳсулоти шири холис 120,3% ва истеҳсоли боз як қатор маҳсулоти дигар афзуд, гуфт П. Муҳиддинов.П. Муҳиддинов зикр кард, ки нақшаи сохтмони нерӯгоҳҳои барқи обии «Сангтуда — 2», «Нуробод — 1» ва Фондарё, инчунин барқарорсозӣ ва таҷдиди НБО — и «Норак» ба нақша гирифта шудааст. Дар назар аст, ки моҳи майи соли ҷорӣ ду чархи нав иваз карда мешавад.  

Апрель 23, 2009 14:41

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 40 дараҷа гарм мешавад
Дар 130 муассисаи таълимии ноҳияи Рӯдакӣ беш аз 10 ҳазор наврасон ба истироҳат фаро гирифта шудаанд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Дар Душанбе ҳамоиши сиёсӣ-фарҳангӣ таҳти унвони «Пешвои миллат — меъмори Ваҳдат» доир гардид
МЕГАФОН ТОҶИКИСТОН: Дар Санкт –Петербург Созишнома оид ба ҳамкории оператор бо таҳиягари пешбари Русия — Ivideon имзо гардид
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 37 дараҷа гарм мешавад
Конфронси илмӣ-адабии «Душанбе — корзори ваҳдатофарӣ ва боргоҳи Ваҳдати миллӣ» баргузор шуд
Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон 9 иншооти саноатӣ ба истифода дода мешавад
Дар Бохтар вобаста ба пешгирии ғарқшавии ноболиғону ҷавонон ҳангоми оббозӣ вохӯрии иттилоотӣ доир шуд
Модарони ваҳдатсаро дар ноҳияҳои Исмоили Сомонӣ, Фирдавсӣ, Сино ва Шоҳмансури пойтахт бо сокинон вохӯрӣ мегузаронанд
АЗ БАРАКАТИ ВАҲДАТИ МИЛЛӢ. Дар ин муддат соҳаи саноат ва кӯҳкорӣ ба як бахши муҳими иқтисоди миллӣ табдил ёфт
«ХИЗМАТ БА ВАТАН ШАРАФ АСТ!». Дар ноҳияи Нуробод ҳамоиши хизматчиёни ҳарбӣ баргузор мешавад