ЭМОМАЛӢ РАҲМОН ОЛИВЕ ДЕКАМПРО БА ҲУЗУР ПАЗИРУФТ
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Роҳбари гурӯҳи соҳибкории Бонки таҷдид ва рушди Аврупо Оливе Декампро ба ҳузур пазируфт. Дар вохӯрӣ масоили ҳамкории Тоҷикистон бо ин муассисаи бонуфузи байналмилалӣ, аз ҷумла баҳри коҳиш додани таъсири бӯҳрони ҷаҳонии молиявӣ баррасӣ шуд. Бо қаноатмандӣ зикр гардид, ки айни ҳол дар Тоҷикистон бо маблағгузории Бонки таҷдид ва рушди Аврупо 47 лоиҳа амалӣ мешаванд, ки маблағи умумии онҳо беш аз 150 миллион доллари амрикоиро ташкил медиҳад. Ба гуфти мусоҳибон, Бонки таҷдид ва рушди Аврупо ҳамчунин нақша дорад, ки соли равон дар Тоҷикистон татбиқи боз 12 лоиҳаи дигарро бо маблағи 70 миллион доллари амрикоӣ оғоз намояд. Ҷонибҳо оид ба тадбирҳои зиддибӯҳронии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, роҳҳои баланд бардоштани қобилияти қарздиҳии бонкҳои саҳҳомӣ ва созмонҳои ҷудокунандаи қарзҳои хурд, татбиқи лоиҳаҳои муштарак дар соҳаҳои кишоварзӣ, энергетика, обтаъминкунӣ ва дигар бахшҳо, беҳсозии фазои инвеститсионӣ ва вусъат додани дастгирии соҳибкории хурду миёна гуфтугӯйи судманд анҷом доданд. Таъкид гардид, ки дастгирии бонкҳои саҳҳомӣ ва созмонҳои ҷудокунандаи қарзҳои хурди кишвар ва соҳаҳои кишоварзию энергетика се самти асосии ҳамкории Бонки таҷдид ва рушди Аврупо бо Тоҷикистон аст. Оливе Декамп изҳор дошт, ки Бонки таҷдид ва рушди Аврупо сиёсати Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистонро оид ба дастгирии соҳаи кишоварзӣ ва дигар самтҳои афзалиятноки иқтисодиёт дастгирӣ мекунад. Маблағгузории сохтмони нерӯгоҳҳои хурду миёнаи обӣ аз афзалияти асосии ҳамкории Бонки таҷдид ва рушди Аврупо бо Тоҷикистон дар соҳаи энергетика арзёбӣ гардид. Ба гуфти Оливе Декамп, Бонки таҷдид ва рушди Аврупо бо 4 роҳу восита ба Тоҷикистон баҳри коҳиш додани таъсири бӯҳрони ҷаҳонии молиявӣ кӯмак мерасонад, аз ҷумла бо роҳи зиёд намудани маблағгузорӣ аз ҳисоби Иттиҳоди Аврупо, ҷудо намудани грантҳо аз ҳисоби маблағҳои худи бонк, тезондани татбиқи лоиҳаҳои амалишаванда ва кам кардани мӯҳлати омодасозии лоиҳаҳои нав. Оливе Декамп ба тадбирҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ба беҳсозии фазои инвеститсионии кишвар равона гаштааст, баҳои баланд дода, таъкид дошт: «ҳолати зери назорат ва роҳбарии бевоситаи Президенти кишвар қарор гирифтани беҳсозии фазои инвеститсионии кишвар худ аллакай боиси болоравии боварию эътимоди сармоягузорон аст». Оливе Декамп ҳамчунин таъкид дошт, ки Бонки таҷдид ва рушди Аврупо ба тавсиаи ҳамкорӣ бо Тоҷикистон ва дастгирии иқтисодиёти он ҳавасманду манфиатдор аст.








Дар Ҳисор оид ба кишти саривақтии ғалладонагиҳо машварат доир гардид
Дар ноҳияи Ёвон оид ба таъмини амнияту субот ҳамоиш баргузор шуд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон борон меборад
Доир ба пешниҳоди каналҳои коммуникатсионии лоиҳаи «Намоиши коркарди ғайритермалии партовҳои ДДТ дар Осиёи Марказӣ» машварат баргузор гардид
ТААССУРОТИ ХОТИРМОНИ МИНИ-ФУТБОЛ. Дар Душанбе даври ниҳоии Ҷоми Тоҷикистон оид ба футзал баргузор гардид
ОҒОЗИ МАВСИМИ НИҲОЛШИНОНӢ. Дар вилояти Хатлон 600 ҳазор бех дарахти ороишию сояафкан шинонида мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон ва барф меборад
Бахшида ба 31-солагии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Москва ҳамоиш доир гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
«Барномаи миёнамуҳлати рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021–2025» натиҷагирӣ карда шуд
Дар Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон бахшида ба солгарди таъсиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ҳамоиши илмӣ баргузор гардид
Дар Хадамоти алоқа ба муносибати Рӯзи ҳуқуқи инсон ҳамоиш доир шуд






