ФАВТИ МОДАРОН ЗИЁД АСТ
Бадахшон, 21 апрел. (АМИТ «Ховар», Лутфишо Додо).- Дар нишасти матбуотие, ки бо ширкати садори Раёсати тандурустии вилоят Пайкармо Алиёрова ва роҳбарони сохторҳои Раёсат баргузор гардид, иттилоъ дода шуд, ки дар тӯли се моҳ дар навоҳии Шуғнон ва Ишкошиму Мурғоб биноҳои нави марказҳои ташхиси тиббӣ ва дар шаҳри Хоруғ бинои Маркази тибби оилавӣ ифтитоҳ ёфтанд. Ба хотири таъмири маркази наркологии шаҳри Хоруғ 30 ҳазор сомонӣ ҷудо гардид. Фавти кӯдакон дар вилоят нисбат ба ҳамин давраи соли 2008 15 нафар кам шуд. Ҳамзамон табобати шаҳрвандони мамолики ҳамсоя, ки тибқи шартнома сурат мегирад, дар маркази вилоят хеле кам шуд. Чунончи, агар дар се моҳи соли 2008 дар ин беморхона 80 нафар маризон табобат гирифта бошанд, соли 2009 танҳо як нафар. Шояд бар асари бӯҳрони шадиди ҷаҳонӣ бошад, бемориҳои дил рӯ ба афзоишанд. Омили асосии онро коршиносон дар истеъмоли беназми шаробу тамоку мебинанд.








4 феврал дар якчанд корхонаю идора нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон борон меборад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд






