ФЕСТИВАЛИ ҶУМҲУРИЯВИИ «ҲАФТАИ КИТОБИ КЎДАКОНУ НАВРАСОНИ ҶТ» ОҒОЗ ШУД

Апрель 2, 2009 16:05

                 Душанбе, 2 апрел. (АМИТ «Ховар», Лутфия Эшонқулова).- Имрӯз дар Китобхонаи бачагонаи давлатии ҷумҳуриявии ба номи Мирсаид Миршакар фестивали ҷумҳуриявии «Ҳафтаи китоби кўдакону наврасони Тоҷикистон» оғоз шуд.                 Дар кушодашавии фестивал, муовини вазири фарҳанги ҶТ Мавлон Мухторов суханронӣ карда, қайд намуд, ки эҳё гардидани ин чорабинии муҳим барои тарбияи насли наврас дар рўҳияи хештаншиносӣ, ватандӯстӣ ва зебописандӣ мусоидат намуда, барои ҷалби онҳо ба китобхонӣ нақши муҳим мебозад.                 Бояд қайд кард, ки бо иштироки хонандагони мактаб-интернати махсуси санъати ба номи Миратулло Атоев композитсияи адабӣ-бадеӣ намоиш дода шуд. Аз ҷониби хонандагони ин мактаб шеъру сурудҳо низ пешкаши тамошобинон гардид.                Дар доираи кушодашавии фестивал асарҳои тозаэҷоди шоирону нависандагони Тоҷикистон ва ҷумҳуриҳои ҳамсоя ба маърази тамошо гузошта шуд.                Фестивал то 8 апрел идома ёфта, дар Театри ҷавонон ҷамъбаст мегардад.               Дар ин бора ба мухбири АМИТ «Ховар» роҳбари маркази матбуотии Вазорати фарҳанг Анвар Юсупов хабар дод.  

Апрель 2, 2009 16:05

Хабарҳои дигари ин бахш

4 феврал дар якчанд корхонаю идора нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон борон меборад
Имрӯз дар якчанд кумитаю идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Пагоҳ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд