«ФЛОРА» ВА «КАРМЕН»-РО БА ТОҶИКИСТОН ОВАРДАНД
Душанбе, 15 апрел. (АМИТ «Ховар», Лаззат Диловарзод).- Тибқи Эъломияи байни Бонки Рушди Исломӣ ва Вазорати иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳамчунин шартномаи тарафайни Вазорати кишоварзӣ ва Ҷамъияти масъулияташ маҳдуди Институти илмии истеҳсолии (ҶММ ИИИ) «Кубанзерно»-и шаҳри Краснодар дар моҳи апрели соли ҷорӣ ба миқдори 1298 тонна тухмии гандум аз Институти илмию тадқиқотии ба номи П.П. Лукяненко ба ҷумҳурӣ ворид карда шудааст. Тухмӣ ба кооперативи истеҳсолии ба номи Латиф Муродови ноҳияи Ҳисор барои заҳролудкунӣ ва нигоҳдорӣ супорида шудааст.Дар назар аст, ки аз ин тухмӣ дар навбати аввал хоҷагиҳои тухмипарвар ва таҷрибадор бархӯрдор мешаванд. Соли ҷорӣ ҳамчунин тибқи шартномаҳои ба имзорасидаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва давлати Туркия ба миқдори 300 тонна тухмии навъҳои серҳосили «Флора» ва «Кармен» ба Тоҷикистон ворид карда шудааст.








Донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав соҳиби хобгоҳи нав мешаванд
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Донишҷӯён ва кормандони Академияи идоракунии давлатӣ фарҳанги либоспӯшии миллиро тарғиб менамоянд
Дар Коллеҷи техникию омӯзгории ноҳияи Рӯдакӣ шаҳрвандон барномаҳои компютерӣ меомӯзанд
КИРМАКПАРВАРӢ. Сокини ноҳияи Ҷайҳун ҳамасола аз 100 то 110 килограмм пилла месупорад
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Судяҳои Тоҷикистон дар Остона дар конфронси байналмилалӣ иштирок намуданд
«САҲМИ МАН ДАР ШАҲРИ МАН». Имрӯз бахшида ба Рӯзи пойтахт иқдоми шаҳрӣ доир карда мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст






