ФОНДИ МАНЗИЛ АЗ НАВ БА ҲИСОБ ГИРИФТА МЕШАВАД

Апрель 9, 2009 13:21

              Душанбе, 9 апрел. (АМИТ «Ховар», Лаззат Диловарзод).- Бино ба иттилои мутахассиси пешбари раёсати барӯйхатгирии аҳолии Кумитаи давлатии омор Б.Раҷабов, соли 2010 дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бори нахуст дар баробари барӯйхатгирии аҳолӣ, инчунин барӯйхатгирии фонди манзил гузаронида мешавад. Барӯйхатгирии фонди манзил дар шароити гузариш ба иқтисодиёти бозоргонӣ хеле муҳим аст.             Тибқи ин чорабинӣ, ба даст овардани маълумот оид ба миқдори манзилҳои истиқоматӣ ва шароитҳои манзилии онҳо аҳамияти калон дорад.             Чорабинии мазкур, бо назардошти тавсияҳои Созмони Милали Муттаҳид тартиб дода шуда, бо мушовирони байналхалқӣ ва вазорату идораҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон мувофиқа шудааст.

Апрель 9, 2009 13:21

Хабарҳои дигари ин бахш

4 феврал дар якчанд корхонаю идора нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон борон меборад
Имрӯз дар якчанд кумитаю идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Пагоҳ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд