«ФОРС» ДАР ДУШАНБЕ ЛАНГАР ПАРТОФТ

Апрель 30, 2009 15:15

                 Душанбе, 30 апрел.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).- Хабаргузории Ҷумҳурии Исломии Эрон «Форс» 30 апрел ба таври расмӣ намояндагии худро дар Душанбе- пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон ифтитоҳ кард.                 Ба ин муносибат дар Душанбе бо иштироки роҳбарону намояндагони ВАО-и Тоҷикистон ҷамъомад баргузор шуд. Сафири фавқулодда ва мухтори Ҷумҳурии Исломии Эрон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Алиасғари Шеърдӯст ифтитоҳи намояндагии хабаргузории «Форс»-ро дар Душанбе рушди муносибатҳои мутақобилан судманди ду кишвари бародар — Тоҷикистону                   Эрон арзёбӣ кард.                 Ба андешаи мудири кулли хабаргузории «Форс» Ҳамидризо Муқаддамфар ифтитоҳи бунгоҳи хабарии «Форс» оғози пайванд ва тавсеаи ҳамкорӣ бо хабаргузориҳои иттилоотии Тоҷикистон ва васеъ намудани фаъолияти иттилоотии «Форс» дар кишварҳои Осиёи Марказӣ ва ҳавзаи уқёнуси Ҳинд мебошад. Муқаддамфар афзуд, ки ҷиҳати баланд бардоштани малакаи касбии кормандони ВАО- хусусан бахши хабарӣ, ният дорем, ки дар шаҳри Душанбе мактаби хабарнигориро таъсис диҳем.                   Сардори раёсати иттилооти Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Давлаталӣ Назриев изҳор дошт, ки мо дар мавриди ифтитоҳи намояндагии хабаргузории «Форс»-и Эрон дар Душанбе назари нек дорем, зеро ифтитоҳи бунгоҳҳои хабарии нмояндагони ВАО-и кишварҳои хориҷӣ дар мавриди рушди фазои иттилоттии на танҳо Тоҷикистон, балки кишварҳои минтақа ва ҷаҳон саҳми босазо мегузоранд.

Апрель 30, 2009 15:15

Хабарҳои дигари ин бахш

4 феврал дар якчанд корхонаю идора нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон борон меборад
Имрӯз дар якчанд кумитаю идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Пагоҳ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд