ФУТБОЛБОЗОНИ «ХУҶАНД» ТАҶҲИЗОТИ ВАРЗИШГОҲРО ШИКАСТАНД
Қӯрғонтеппа,27 апрел. (АМИТ «Ховар», Мурод Сотиев). Якшанбеи гузашта дар варзишгоҳи марказии шаҳри Қӯрғонтеппа — Пахтакор бозии навбатии дастаҳои футболи «Вахш» и Қӯрғонтеппа ва «Хуҷанд»-и Хуҷанд баргузор гардид. Бозӣ бо ҳисоби 3:1 ба фоидаи «Вахш»-и Қӯрғонтеппа анҷомид. Ҳарчанд бозӣ тезу тунд гузашта бошад ҳам дастаи «Вахш» кӯшиш ба харҷ дод, то эҳтироми ҳарифи худро ба ҷо биёрад. Аммо ба гуфти масъулини варзишгоҳи «Пахтакори»-и Қӯрғонтеппа дастаи «Хуҷанд» каме бесарусомониҳо карданд. Аз ҷумла, дар утоқи ивази либосҳо тахтаҳоро шикаста, баъдан таҷҳизоти обтаъминукии варзишгоҳро аз кор бароварданд. Оиди ин бетартибиҳо роҳбарияти варзишгоҳ норозигии худро иброз намуданд. Табаралӣ Мӯнисов, нозири бозии мазкур, раиси кумитаи нозирон ва комиссарони Федератсияи футболи Тоҷикистон ба рӯзноманигорон иттилоъ дод, ки оиди шикастани таҷҳизоти обтаъминкунӣ ва дигар ашёҳо дар утоқи меҳмонон дар протоколи вохӯрии мазкур қайд карда шудааст ва ҳамзамон гузориши алоҳида ба Федератсияи футболи кишвар пешниҳод мегардад. Ба гуфти манбаъ, дар таҷрибаи кории худ аввалин бор бо чунин ҳолат вомехӯрад. «Рӯзи сешанбе бошад комиссиюни ахлоқии Федератсияи футболи Тоҷикистон ин масъаларо баррасӣ мекунад. Ба гунаҳкорон албатта ҷазо дода мешавад»-қайд кард Табаралӣ Мӯнисов. Бозии навбатии «Вахш» бо дастаи футболи «Энергетик»-и пойтахт рӯзи 2 май баргузор мегардад. Сипас, дар назар аст, рузи 7 май вохӯрии рафиқонаи «Вахш» бо дастаи яккачини олимпии Тоҷикистон баргузор гардад.10 май бошад вохӯрии дастаи футболи Қӯрғонтеппа бо дастаи «Гвардия» баргузор мегардад.








Дар Ҳисор оид ба кишти саривақтии ғалладонагиҳо машварат доир гардид
Дар ноҳияи Ёвон оид ба таъмини амнияту субот ҳамоиш баргузор шуд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон борон меборад
Доир ба пешниҳоди каналҳои коммуникатсионии лоиҳаи «Намоиши коркарди ғайритермалии партовҳои ДДТ дар Осиёи Марказӣ» машварат баргузор гардид
ТААССУРОТИ ХОТИРМОНИ МИНИ-ФУТБОЛ. Дар Душанбе даври ниҳоии Ҷоми Тоҷикистон оид ба футзал баргузор гардид
ОҒОЗИ МАВСИМИ НИҲОЛШИНОНӢ. Дар вилояти Хатлон 600 ҳазор бех дарахти ороишию сояафкан шинонида мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон ва барф меборад
Бахшида ба 31-солагии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Москва ҳамоиш доир гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
«Барномаи миёнамуҳлати рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021–2025» натиҷагирӣ карда шуд
Дар Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон бахшида ба солгарди таъсиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ҳамоиши илмӣ баргузор гардид
Дар Хадамоти алоқа ба муносибати Рӯзи ҳуқуқи инсон ҳамоиш доир шуд






