ГАНҶИНАИ ОСОРХОНА ҒАНИТАР ГАРДИД

Апрель 14, 2009 08:39

              Душанбе, 14 апрел. (АМИТ «Ховар», Таҳмина Ғоибназарова).- Ба Ганҷинаи осорхонаи шӯҳрати ҷангии Тоҷикистон экспонатҳои нав ворид гардиданд. 12 апрел аз архиви музеи Русия ба он ҷо суратҳои иштирокчиёни мудофиаи қалъаи Брест аз Тоҷикистон фиристода шуданд. Ғайр аз ин, хоки гӯри аскари тоҷик Абдулло Раҳимов ба осорхона супорида шуд, ки дар муҳофизати қалъаи Брест иштирок карда дар ҳамин ҷо ҳалок шудааст.             Дар арафаи 64-ум солгарди ҷашни ғалаба дар ҶБВ дар осорхонаи мазкур бо ветеранҳо ва талабагони мактабҳо мулоқотҳо гузаронида мешаванд.                                                             Тарҷумаи Зебо Иноятова 

Апрель 14, 2009 08:39

Хабарҳои дигари ин бахш