«ГУМГАШТАПАЙДО» ДАР «КОХИ ҶОМӢ» МУАРРИФӢ ШУД
Душанбе, 21 апрел.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).- Филми ҳунарии «Гумгаштапайдо» дар «Кохи Ҷомӣ» — и пойтахт бо иштироки аҳли фарҳангу ҳунари кишвар муаррифӣ гардид. Филми мазкур аз рӯи асари шоири Халқии Тоҷикистон Муҳаммад Ғоиб ба навор гирифта шуда, коргардони он ҳунарманди халқии ҷумҳурӣ Юнус Юсуфов мебошад. Муаллифи асари мазкур Муҳаммад Ғоиб мегӯяд, ки асари «Гумгаштапайдо» дар бораи сарнавишт ва паҳлуҳои гуногуни ҳаёти одамон нақл мекунад. Филми «Гумгаштапайдо» арзишҳои бузурги инсонӣ — меҳру муҳаббати самимӣ, садоқату вафодориро, ки рӯзгори инсонҳоро ҷовидонӣ мегардонад, таҷассум намудааст. Ҳунармандони шинохтаи ҷумҳурӣ Соро Сабзалиева, Саидҷалол Саидов, Асламшоҳ Раҳматуллоев ва дигарон нақшҳои асосиро хеле моҳирона ва бо истеъдоди баланди ҳунарӣ иҷро намудаанд. Филм дар зарфи 1 сол дар минтақаҳои гуногуни ҷумҳурӣ рӯи навор омадааст. Филм бо забони тоҷикӣ ба навор гирифта шуда, он бо забонҳои русӣ ва англисӣ тарҷума гардид. Дар назар аст, ки дар оянда филми «Гумгаштапайдо» дар озмунҳои байналмилалӣ пешниҳод карда мешавад.








Оид ба таъмини амнияти долонҳои энергетикӣ-нақлиётӣ ва таъсири он ба рушди минтақаи Осиёи Марказӣ конфронс доир шуд
Иҷлосияи чоруми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Бо ZET-MOBILE миллионер шавед!
Дар Хуҷанд барои пешгирии бемориҳои сироятӣ вохӯрӣ доир шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Пагоҳ иҷлосияи чоруми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон ва барф меборад
Дар Ҳисор оид ба кишти саривақтии ғалладонагиҳо машварат доир гардид
Дар ноҳияи Ёвон оид ба таъмини амнияту субот ҳамоиш баргузор шуд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон борон меборад
Доир ба пешниҳоди каналҳои коммуникатсионии лоиҳаи «Намоиши коркарди ғайритермалии партовҳои ДДТ дар Осиёи Марказӣ» машварат баргузор гардид
ТААССУРОТИ ХОТИРМОНИ МИНИ-ФУТБОЛ. Дар Душанбе даври ниҳоии Ҷоми Тоҷикистон оид ба футзал баргузор гардид






