ХАБАР БОЯД ВОҚЕӢ ВА САНҶИДА БОШАД
Душанбе, 14 апрел. (АМИТ «Ховар», Дилшодаи Ҷонмард).-Вақтҳои охир воситаҳои ахбори оммавии Тоҷикистон дар инъикоси мавзӯи мубориза ба муқобили ҳашароти зараррасони соҳаи кишоварзӣ ба паҳн гардидани баъзе хабарҳои беасос ва носанҷида роҳ медиҳанд. Аз ҷумла хабар дода шуд, ки тайёраҳои АН — 2, ки дар ҷумҳурӣ барои мубориза ба муқобили ҳашароти зараррасон сафарбар шудаанд, ба Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании ҷумҳурӣ тааллуқ доранд. Дар асл бошад, қобили қайд аст, ки кумитаи мазкур техникаи авиатсионӣ надорад. Тайёраҳои АН — 2 бошанд, аз они Ташкилоти ҷамъиятии мададгори мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шумор мераванд. Аз ин хотир роҳбарияти Ташкилоти ҷамъиятии мададгори мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон зарур мешуморад, ки тавассути АМИТ «Ховар» маълумоти мухтасарро дар ин мавзӯъ пешкаши хонандагон созад: Ташкилоти ҷамъиятии мададгори мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади рушди соҳаи ҳавонавардии хурд дар кишвар, тайёр намудани кадрҳои ватанӣ дар ин бахш ва тақвияти мубориза ба муқобили ҳашароти зараррасони соҳаи кишоварзӣ ба Ҳукумати ҷумҳурӣ бо дархости ба ихтиёри худ гирифтани фурудгоҳҳои аҳамияти маҳаллӣ муроҷиат намуда буд. Хушбахтона, ин иқдом дар сатҳи роҳбарияти сиёсии мамлакат дастгирӣ ёфт ва бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон фурудгоҳҳои ноҳияҳои Шаҳритус, Фархор, Ҳамадонӣ ва Қумсангир ба ихтиёри Ташкилоти ҷамъиятии мададгори мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон дода шуданд. Роҳбарияти Кумитаи Марказии ТҶММ -и Ҷумҳурии Тоҳикистон пеш аз ҳама барои тармиму таҷдиди ин фурудгоҳҳо тадбирҳо андешид. Фурудгоҳи ноҳияи Шаҳритус баъди таъмири утоқҳои корӣ, фароғатӣ ва ёрирасони он тобистони соли ҷорӣ мавриди истифода қарор гирифт. Ба дунболи он тармими фурудгоҳи ноҳияи Фархор шурӯъ шуд, ки 5 октябри соли 2008 маросими ботантанаи оғози кори он баргузор гардид. Бо маблағгузории Ҳукумати ҷумҳурӣ 2 тайёраи дигар аз Ҷумҳурии Қазоқистон харидорӣ гардид, ки дар соҳаи кишоварзӣ барои нобудсозии ҳашароти зараррасон истифода хоҳанд шуд. Бо мақсади тайёр намудани кадрҳои ватанӣ дар соҳаи авиатсияи хурд ва ташкили кори мубориза бо ҳашароти зараррасон дар заминаи Бошгоҳи ҷумҳуриявии ҳавопаймоӣ маркази таълимии омодасозии ҳавонавардон амал мекунад, ки зиёда аз 20 нафар мутахассисони соҳаро омода намудааст. Айни ҳол 4 тайёраи АН — 2 и Ташкилоти ҷамъиятии мададгори мудофиаи ҷумҳурӣ дар вилоятҳои Суғду Хатлон барои мубориза бо ҳашароти зараррасони соҳаи кишоварзӣ истифода бурда мешаванд, гуфта мешавад дар хабари ташкилоти ҷамъиятии мадагори мудофиаи ҷумҳурӣ.








«САҲМИ МАН ДАР ШАҲРИ МАН». Имрӯз бахшида ба Рӯзи пойтахт иқдоми шаҳрӣ доир карда мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд






