ХАТСАЙРИ НАВ БО ДАРХОСТИ СОКИНОНИ ХАТЛОН

Апрель 15, 2009 11:14

                Душанбе, 15апрел. (АМИТ «Ховар», Лаззат Диловарзод).-Корхонаи воҳиди давлатии «Тоик-Эйр» талаботи сокинони вилояти ҳатлонро қонеъ кард.                Бино ба иттилои котиби матбуотии Ширкати давлатии «Тоҷик-Аир» Назира Давлатова, аз 9-уми апрели соли ҷорӣ бо дархости сокинони вилояти Хатлон баҳри фароҳам сохтани шароити беҳтари сафар ба хориҷи кишвар хатсайри нави Қӯрғонтеппа — Новосибирск кушода шуд. Ин дуюмин маршрутест, ки шаҳри Қӯрғонтеппаи Тоҷикистонро бо марказҳои шаҳру вилоятҳои Федератсияи Россия мепайвандад.               Қобили ёдоварист, ки охири моҳи марти соли 2009 парвози доимӣ дар хатсайри Қӯрғонтеппа- Душанбе ба роҳ монда шуд, хатсайри Қӯрғонтеппа -Душанбе- Хӯҷанд барқарор гардид.               Дар рӯзҳои наврӯзии соли 2009 ҳамчунин ду хатсайр дар роҳи ҳавоии Қӯрғонтеппа- Москва-Қӯрғонтеппа ва Кӯлоб- Москва-Кӯлоб кушода гардид.              Имрӯз арзиши чипта дар маршрути Қӯрғонтеппа -Новосбирск 245 евро муқаррар гардидааст.

Апрель 15, 2009 11:14

Хабарҳои дигари ин бахш

Донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав соҳиби хобгоҳи нав мешаванд
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Донишҷӯён ва кормандони Академияи идоракунии давлатӣ фарҳанги либоспӯшии миллиро тарғиб менамоянд
Дар Коллеҷи техникию омӯзгории ноҳияи Рӯдакӣ шаҳрвандон барномаҳои компютерӣ меомӯзанд
КИРМАКПАРВАРӢ. Сокини ноҳияи Ҷайҳун ҳамасола аз 100 то 110 килограмм пилла месупорад
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Судяҳои Тоҷикистон дар Остона дар конфронси байналмилалӣ иштирок намуданд
«САҲМИ МАН ДАР ШАҲРИ МАН». Имрӯз бахшида ба Рӯзи пойтахт иқдоми шаҳрӣ доир карда мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст